Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти дипломати тоҷик бо шоҳзода Сауд ибни Холид


Кордори сафорати Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ Саидҷон Шафиев ва муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва раиси Маркази миллии рақобатпазирӣ шоҳзода Сауд ибни Холид Ал-Файсал масоили ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисоди, илмӣ ва техникӣ миёни ду кишварро баррасӣ карданд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин мулоқот рӯз 9 март баргузор шуд ва дар он роҷеъ ба баргузории ҷаласаи дувуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ низ мубодила сурат гирифтааст. Бо пешниҳоди Арабистони Сауд ҷаласаи дувуми комиссияи муштарак дар нимаи аввали соли ҷорӣ баргузор мешавад.

Ба иттилои манбаъ, Саидҷон Шафиев бо зикри шароит ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, ба Арабистони Саудӣ пешниҳод намудааст, ки байни ду кишвар Ёддошти тафоҳум барои ҳамкорӣ дар соҳаи сармоягузорӣ, омода гардад, ки он барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо заминаи устуворро фароҳам хоҳад овард. Ҷониби Саудӣ ин пешниҳоди ҷониби Тоҷикистонро мусбат хондааст.

Арабистони Саудӣ яке аз кишварҳое аст, ки дар тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла бунёди роҳҳо, сармоягузорӣ кардааст. Дар ҷараёни боздиди серӯзаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Арабистони Саудӣ дар авоили моҳи январи соли ҷорӣ, панҷ санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар, аз ҷумла созишномаи ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи илму технология ва варзиш, ба имзо расиданд ва Душанбе тааҳуди онҷониб барои 108 миллион доллар сармоягузорӣ ба идомаи сохтмони роҳи Кӯлоб – Қалъаихумро низ ба даст овард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG