Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои дӯстонаи собиқадорони футболи Тоҷикистону Афғонистон


Бозии дӯстонаи дастаҳои футзали собиқадорони Академияи “Истиқлол”-и Душанбе ва Афғонистон бо ҳисоби 5:5 хотима ёфт.

Бозии дӯстона оид ба футзал миёни дастаҳои собиқадорони Академияи “Истиқлол”-и Душанбе ва Афғонистон бо натиҷаи мусовии 5:5 хотима ёфт. Ин бозӣ рӯзи 10 март дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи варзишии «Тоҷикгосстандарт», баргузор шуд.

Ду голи Академияи “Истиқлол”-ро Қурбон Хоҷаев ба самар расонд. Се голи дигарро Рустам Хоҷаев, Рустам Қурбонов ва Субҳон Хоҷамов вориди дарвозаи меҳмонон карданд. Дар ҳайати тими собиқадорони Афғонистон Халид Диловар се гол, Ғулом Фурӯғ Асил ва сармураббии мунтахаби футзали Афғонистон Абдул Разоқ Момрак якголӣ заданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, собиқадорони футболи Афғонистон рӯзи шанбе, 12 март, бо дастаи «Панҷшер»-и Румӣ бозии дӯстона анҷом медиҳанд. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Румӣ соати 16:00 шурӯъ мешавад.

Баъдан рӯзи душанбе, 14 март, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозии дӯстона миёни собиқадорони футболи Тоҷикистону Афғонистон барпо мегардад. Ин бозӣ ҳам соати 16:00 оғоз меёбад.

XS
SM
MD
LG