Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Департаменти давлатии ИМА аз қарори прокуратураи Русия дар мавриди номақбул эътироф кардани фаъолияти Институти миллии демократия интиқод кард.

"Мо аз қарори ҳукумати Русия, ки Институти миллии демократияро ба рӯйхати "созмонҳои хориҷии номақбул" шомил кард, амиқан нигаронем. Мо ин боварро, ки гӯё Институти демократӣ ва дигар созмонҳои хориҷӣ барои Русия хатар доранд, рад мекунем. Институти демократӣ аз бозу шаффоф ва ҳисоботдиҳанда будани мақомоти давлатӣ пуштибонӣ мекунад, яъне аз усулҳое, ки Русия мебоист аз онҳо истиқбол кунад, на баръакс рӯ гардонад", - омадааст дар изҳороти департаменти давлатии ИМА.

" Қонун дар бораи созмонҳои "номақбул" бо маҳдуд кардани фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Русия, ҳуқуқи ҳамаи русиягиҳоро ба муттаҳидшавӣ зери по мекунад", - омадааст дар ин изҳорот.

Институти миллии демократия аз сӯи Конгресси ИМА дар соли 1983 таъсис шуд ва бо пуштибонии буҷа ва сармоягузориҳои ғайридавлатӣ амал мекунад.

XS
SM
MD
LG