Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарвазири пешини Қазоқистон "пушаймон" шудааст


Серик Ахметов, сарвазири пешини Қазоқистон, ки қаблан дар додгоҳ айбҳояшро рад карда буд, акнун "пушаймон" шудааст ва мехоҳад ба вай ҳукми сабук эълон кунанд.

Дар Қарағандаи Қазоқистон баррасии шикояти гуруҳи зиндониёни парвандаи сарвазири пешини он кишвар Серик Ахметов - мансабдорони маҳаллӣ, ки дар фасодкорӣ ва сӯистифода аз мақоми хизматӣ айбдор дониста шудаанд, ба поён мерасад.

Николай Лесник - вакили дифои Серик Ахметов гуфт, нафари зери ҳимояи вай аз додгоҳ хостааст, ки "пушаймонии самимӣ" ва пардохти комили зарари давлатиро ба инобат гирад. Пештар Ахметов айбҳояшро рад мекард ва мегуфт, "ҷинояте содир накардааст".

Бисёре аз вакилон қарори додгоҳ дар нисбати 21 нафарро, ки миёнаҳои моҳи декабр эълон шуд, "ноҳақ ва бедалел" номиданд. 11 нафари ин гуруҳ зиндонӣ шуданд, 6 нафар шартан аз озодӣ маҳрум гардид. Коллегияи судӣ имрӯз далелҳои вакилони дифоъро меомӯзад ва қарори худро содир мекунад.

XS
SM
MD
LG