Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА ба хотири афзоиши содироти маҳсулот ба бахши саноати дӯзандагии Қирғизистон мусоидат мекунад.Дар ин бора хадамоти матбуоти сафорати ИМА дар Қирғизистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои сафорат, кумак ба истеҳсолгарони либос дар Қирғизистон аз соли 2014 ба ин сӯ расонида мешавад.

Дар моҳи феврали соли 2015 USAID барои ширкатҳои хориҷӣ, ки ба фурӯши чакана машғуланд, намоишгоҳи либосҳои истеҳсоли Қирғизистонро баргузор кард.

Дар натиҷаи мулоқоти истеҳсолгарони Қирғизистон бо ширкатҳои хориҷӣ шартномаи содироти маҳсулот дар ҳаҷми 1 миллион доллар ба иҷро расид. Интизор меравад, баъд аз густариши фурӯши маҳсулоти дӯзандагии Қирғизистон дар бозорҳои мавҷуда, ин тарҳ ба ворид кардани чунин маҳсулот ба бозорҳои Иттиҳоди Аврупо ва ИМА нигаронида хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG