Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳи "Рӯзҳои Ҷопон" дар Душанбе


Ба ибтикори Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон рӯзҳои 12 ва 13 март дар Маркази Исмоилия дар Шаҳри Душанбе намоишгоҳи "Рӯзҳои Ҷопон" баргузор хоҳад шуд.

Ин нахустин намоишгоҳи фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон аст, ки бо муосидати Вазоратҳои хориҷаю фарҳанг ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта хоҳад шуд.

Дар назар аст, фардо шанбеи 12 март аввал намоиши икебана ё санъати ороиши гулҳо аз ҷониби устоди ҳунари миллии ҷопонӣ Мидорӣ Ямада сурат гирад. Сипас, ҳунари хаттотии ҷопонӣ ё "шодо", санъати ашёҳои коғазӣ ва бозичаҳои чӯбӣ ба намоиш гузошта мешавад.Ҳамчунин, консерти Кото ва Шамисен ва намоиши мӯди кимано, либоси миллии Ҷопон, филми аниматсионии "Боғи сухан" ва филми "Аз ман ба шумо" анҷом хоҳад шуд.

Коршиносони Ҷопон дар ин намоишгоҳ ҳунарҳои варзишию ҳарбии ҷудо, каратэ, айкидо, сумо, кудо ва киёкушин-каратэин тавзеҳ дода ва нозукиҳои ин намудҳои варзишро нишон медиҳанд. Рақси миллии ава-адорӣ ва маросими чойнӯшии ҷопонӣ низ аз ҷумлаи барномаи ин намоишгоҳ маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG