Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон дубора ба маъракаи Global Money Week пайваст


Бори дувум дар Қирғизистон ҳамоиши фарогири “Ҳафтаи ҷаҳонии пул” баргузор мешавад, ки ҳадафи он рушди фарҳанги сарфакорӣ ва пешниҳоди донишҳо ба шаҳрвандон барои ҳалли мустақилонаи масъалаҳои молӣ мебошад.

Дар соли ҷорӣ ин иқдом баргузор мешавад. Дар чаҳорчӯби ин маъракааз 14 то 22 март, ба гуфтаи маркази матбуотии Бонки миллӣ, дар ҳамаи минтақаҳои Қирғизистон нишвастҳои омӯзишӣ, мизҳои гирд, дидор аз муассисаҳои молӣ, озмунҳо барои кӯдакон ва ҷавонон сурат мегирад.

Бонки миллӣ дар робита ба оғози маъракаи фарогир нишасти матбуотӣ баргузор мекунад, ки дар он мутахассисон дар бораи чорабиниҳо он, таҷрибаи байналмилалии баргузории чунин иқдомҳо, корҳои бештар кардани донишҳои молиявӣ дар миёни аҳолӣ суханронӣ мекунанд.

Ҳамоиши фарогири Global Money Week ҳамасола бо ҳимояти созмони байналмилалии Child and Youth Finance дар беш аз 100 кишвари ҷаҳон баргузор мешавад. Ҳадафи асосии ин иқдом баланд бурдани донишҳои молии шаҳрвандон аст.

XS
SM
MD
LG