Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ӯзбекистон шаҳватпарастӣ дар таблиғотро манъ мекунад


Гулнора Каримова

Гулнора Каримова

Дар қонун “Дар бораи таблиғот”-и Ӯзбекистон мехоҳанд ислоҳот ворид кунанд. Тарҳи қонун дар Маҳзани ягонаи хадамоти давлатӣ барои баррасӣ нашр шудааст.

Ба навиштаи хабаргузории СА-News, тибқи ин ислоҳҳо истифода аз саҳнаҳои фаҳшо дар таблиғоти тиҷоратӣ манъ мешавад. Ҳамчунин мехоҳанд таблиғи бозиҳои пулакӣ дар интернетро низ манъ кунанд.

Ин ҳуҷҷат ҳамчунин манъи таблиғи барномаҳои рӯёнаӣ барои ташкил ё баргузории бозиҳои пулакӣ ва бозиҳои дигари хатарнокро манъ мекунад.

Дар тарҳи ин қонун пешниҳод шудааст таблиғи ин маҳсулот дар китобҳои дарсӣ, рӯзномаҳои мактабӣ ва дафтарҳо, дар арсаи тарбияи томактабӣ, маълумоти миёна ва миёнаи махсус манъ карда шавад. Дар маводҳои таблиғотӣ барои ноболиғон истифода аз силоҳи ҳақиқӣ ё бозичаӣ манъ шуда, инъикоси кӯдакон дар шароити изтирорӣ манъ аст.

Ҳамчунин дар матлабҳои таблиғотӣ набояд наҳвае истифода шавад, ки дар пайи онҳо ноболиғон дар бораи арзиши маҳсулот тасаввури нодурусте пайдо кунанд. Аз ҷумла, истифодаи калимаҳои монанди “танҳо”, “ҳамагӣ” ва ишораи мустақим ё ғакйримустақим, ки маҳсулоти таблиғшаванда барои ҳар як оила қобили харидорӣ аст, манъ шудааст.

XS
SM
MD
LG