Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама: "Путин заъфи мавқеи ҷаҳонии Русияро мефаҳмад"


Президенти ИМА Барак Обама дар мусоҳиба бо маҷаллаи "Аталантик" ба фаъолияти президенти Русия Владимир Путин баҳогузорӣ кард.

Обама мегӯяд, фаъолиятҳои хориҷии Путин барои Русия гарон уфтодааст.

Рӯзноманигор Ҷеффрӣ Голдберг зимни ин мусоҳиба пурсид, ки эҳсос мекунад, Обама Владимир Путинро "дағал ва ногувор" мешуморад. Обама дар посух ба ин суол гуфт, наметавонад Путинро ногувор ё нохушоянд биномад.

"Дар воқеъ, Путин дар ҳамаи мулоқотҳои мо комилан меҳрубон ва самимӣ буд. Мулоқотҳои мо корӣ буданд. Вай ҳаргиз маро водор накардааст, ки ду соат ӯро интизор шавам, кореро, ки бо дигарон кард", - гуфт президенти ИМА. Ба гуфтаи Обама, Путин муносибат бо ИМА-ро муҳим медонад.

"Вай ҳамеша манфиатдор аст, ки бо мо баробар бошад, монанд ба нафаре бошад, ки бо мо ҳамкорӣ дорад. Ба ҳар ҳол Путин он қадар беақл ҳам нест. Вай дарк кардааст, ки нақши Русия, дар маҷмуъ, дар сатҳи ҷаҳонӣ ноустувор шудааст. Ва ҳуҷум ба Қрим ва ё талоши пуштибонӣ аз Асад ӯро якбора ба як бозигари муҳим мубаддал намекунад. Шумо ӯро дар ҳеч кадом мулоқоте, ки масоили муҳимро ҳал мекунанд, намебинед", - афзудааст Обама.

"Амалкарди Путин дар Украина - ин аксуламал ба фирори давлати думрав аз зери нуфузаш буд. Ва вай барои ҳифзи нуфузаш талош кард. Путин айни ин корро бо Сурия анҷом дода, баҳои баланд пардохт. Рифоҳи кишварашро харҷ кард. Ва бовар кардан, ки Русия ҳоло дар Украинаву Сурия мавқеи устувор дорад, ин фаҳмиши ғалатест", - гуфтааст дар ин мусоҳиба президенти ИМА.

XS
SM
MD
LG