Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳамоише бо ширкати занони паноҳандаи афғон дар Тоҷикистон, аз қурбониёни хушунат Фархунда, Рухшона ва ҳодисаҳои дигари бераҳмона кушта шудани занон дар Афғонистон, ёдбуд ба амал омад.

Занони афғони муқими Тоҷикистон дар ҳамоише ёди қурбониёни хушунат Фархунда, Рухшона ва дигар занон дар Афғонистонро гиромӣ доштанд.

Ҳодисаи қатли Фархунда ва Рухшонаро, ки яке бо иттиҳоми дурӯғин сӯзонида шуд ва дигар ҳам бо ҷурми ошиқ шудан сангсор гашт, намояндагони расмии Афғонистон дар Тоҷикистон аз як сӯ бадхбахтӣ, аммо аз сӯи дигар нишонаи бедории занони афғон ва афзудани эҳсоси озодихоҳии онҳо унвон мекунанд. Ба гуфтани онҳо, занони афғон дигар дар муқобили хушунату ҷаҳолат хомӯш намемонанд ва барои ҳаққи худ садо баланд мекунанд.

Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар ин нишаст гуфт, “муҳим ҳоло ин аст, ин хурофот ки сабаб шуд, Фархунда шаҳид шавад, бояд муҳокима шавад. Ин ба як кори фарҳангии бузург ниёз дорад, ки чаро Фархундаҳо дар чунин вазъи ноҳинҷор ва дардомезе шаҳид мешаванд. Аз ин рӯ, бояд қонуне табдил бо фарҳанг сохт ва

Абдулғафури Орзу.

Абдулғафури Орзу.

фарҳанге табдил ба қонун. То замоне, ки бедории иҷтимоӣ ба вуҷуд наояд, то занони фарҳехта ва мардони фарҳехта дар арсаи қонунгузори ва тавсеаи фарҳангӣ ҳузур надошта бошад, табиист, ки ин вазъият дар тамоми ҷомеаҳои рух хоҳанд дод ”

Ҳамоиши занони афғон ба солгарди ҳодисаи қатли бераҳмонаи Фархунда, сокини 27-солаи ин кишвар рост омад. Ин ҳодиса ҳам моҳи марти соли гузашта рух дода буд. Бибиҳоҷира Маликзода, модари Фархунда ҳам, ки ҳоло ҳамроҳ бо хонаводааш дар Тоҷикистон ба сар мебарад, дар ин ҳамоиш ҳузур дошт.

Дар солгарди қатли даҳшатбори духтараш паёми ин модар ба занони афғон ва дунё ин омӯзиш ва ҳимоят аз худу Фархундаҳои дигар аст. “Фархунда як духтари таҳсилдида як омӯзгор буд ва ҳамеша аз занон дифоъ мекард, ҳамеша мегуфт, ки бояд хоҳарҳоям таҳсил кунанд.”

Ин модар дар зимн аз лағв шудани ҳукми қатли омилони марги Фархунда нигаронӣ кард: “Ҳукми додгоҳ барои қотилони ӯ ҳеҷ ҳукме нест. Шумо қазияро бубинед, қазияи ҷаҳонӣ аст, ҳар касе, ки ин қазияро медонад, бовар дорад, ки ин ҳукм одилона нест.“

Бибиҳоҷира Маликзода

Бибиҳоҷира Маликзода

Бо дасти Бибиҳоҷира Маликзода, модари Фархунда дар ҳамоиши занони афғон ба занони фаъоли паноҳанда дар Тоҷикисто,н тақдирномаҳо супурда шуд. Бино ба иттилои Маркази “Ориёно”-и Афғонистон дар Душанбе, ки аз он Кумитаи муҳоҷират ҳам ном мебаранд, ҳоло 1500 зани афғон дар ин кишвар паноҳанда аст. Ин занон, ки аксарият аз хушунату ҷаҳолат дар кишвари худ фирор кардаанд, шуғле надоранд ва дар Тоҷикистон ба сахтӣ зиндагии худро пеш мебаранд.

Симо Расо ду соли пеш баъди кушта шудани ҳамсар ва духтари ҷавонаш ба Тоҷикистон омадааст ва бо 500 сомони маоши омӯзгорӣ зиндагӣ дорад: “Ин ҷо аз нигоҳи амният хуб аст, аммо аз нигоҳи иқтисодӣ барои аксарият хеле мушкил аст. Аксарият бесарпарастанд, бева мондаанд. Занони афғон дар бозор кор карда наметавонанд, чун дар Афғонистон роиҷ нест, ки зан дар берун кор кунад ва солҳои ахир кӯмак ҳам намегиранд.”

Дар ҳоли ҳозир дар маҷмӯъ ҳудуди 3 ҳазор паноҳандаи афғон дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Бархе аз занони паноҳандаи афғон дар 2 соли ахир дар Маркази омӯзишии калонсолони Душанбе ҳунарҳои мухталифе мисли хайётиву ороишгариро омӯхта, бо ин роҳ зиндагии худро пеш мебаранд.

XS
SM
MD
LG