Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвими бозиҳои қаҳрамонии футболи Тоҷикистон тасдиқ шуд


Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 8 апрел оғоз меёбад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), дар мавсими нав дар мусобиқоти лигаи олӣ, ки имсол барои бори 25-ум барпо мегардад, 11 даста ширкат меварзад. Мусобиқот аз ду давра иборат аст.

Ба даҳ дастаи порсола - «Истиқлол», ССКА «Помир», «Барқчӣ» (ҳарсе аз Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Равшан» (Кӯлоб), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хайр» (Ваҳдат), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан), «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) - ғолиби сабқати соли гузаштаи лигаи аввал - «Ҳосилот»-и Фархор – ҳамроҳ мешавад.

Бояд гуфт, ки дастаи «Барқи тоҷик» дар мавсими нав бо номи “Барқчӣ” бозӣ мекунад.

Бар асоси қуръакашии тақвими бозиҳои мусобиқоти имсола, ки рӯзи 10 март дар Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд, дар даври аввал «Вахш» бо «Регар-ТадАЗ», «Хуҷанд» бо «Парвоз», «Истиқлол» бо «Барқчӣ», «Хайр» бо «Ҳосилот» ва «Далерон-Ӯротеппа» бо «Равшан» рақобат мекунанд. ССКА «Помир» аз бозии даври аввал озод аст.

Ёдовар мешавем, мусобиқоти соли гузашта бо пирӯзии дастаи "Истиқлол" анҷом ёфта буд. Футболбозони Душанбе барои бори чаҳорум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфта, бо медалҳои тило сарфароз гаштанд. Дастаи “Хуҷанд”, ки ҷойи дувумро касб кард, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд. Ҷойи севум ва медалҳои биринҷӣ насиби дастаи “Равшан” гардид.

XS
SM
MD
LG