Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон миёни 10 кишвари вобаста ба кӯмакҳои низомии ИМА


Тоҷикистон дар миёни даҳ кишваре ҷой гирифтааст, ки аз ҳама бештар вобастаи кӯмакҳои низомии Амрико мебошанд.

Тибқи як пажӯҳиш, Тоҷикистон дар миёни даҳ кишваре ҷой гирифтааст, ки вобастаи ёриҳои бештари низомии Амрико мебошанд. Дар як пажӯҳише, ки созмони Security Assistance Monitor мақараш дар Вошингтон анҷом додааст, гуфта мешавад, ки дар миёни даҳ кишваре, ки Амрико ба онҳо кӯмакҳо низомӣ ироа мекунад, се кишвари шӯравии пешин -- Гурҷистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон низ шомил ҳастанд.

Тибқи ин гузориш, кӯмакҳои Амрико ба Тоҷикистон дар муқоиса ба Исроил, Миср ва Покистон ночиз аст, аммо дар баробари будҷаи низомии Душанбе ба нерӯҳои мусаллаҳаш, ин кӯмакҳо маблағи чашмрас мебошанд. Тоҷикистон барои нерӯҳои мусаллаҳи худ дар соли 2014 ҳудуди 104 миллион доллар ихтисос дода буд ва ҳаҷми кӯмакҳои низомии Амрико ба нерӯҳои ҳарбии ин кишвар 29 миллион доллар будааст. Кӯмакҳои низомии Амрико ба Тоҷикистон дар ду соли ахир боз ҳам бештар шудааст ва тахмин зада мешавад, ки солона ба 50 миллион доллар мерасад.

Миёни кишварҳои Шӯравии пешин Гурҷистон аз ҳама бештар аз кӯмакҳои низомии Амрико бархӯрдор будааст ва Вошингтон солона ба ин кишвари қафқозӣ дар ҳаҷми 158 миллион доллар кӯмакҳо низомӣ кардааст. Будҷаи низомии ин кишвар 387 миллион долларро ташкил медиҳад.

Қирғизистон - ҳамсоякишвари Тоҷикистон дар ин рӯйхат дар мақоми шашум қарор дорад ва дар соли 2014, навад миллион доллар кӯмаки низомӣ аз Амрико дарёфт кардааст, ки 81 миллион он барои пойгоҳи Манас ихтисос доштааст. Дар соли 2014 нерӯҳои низомии Амрико, ки дар пойгоҳи ҳарбии Манаси Қирғизистон мустақар буданд, аз ин кишвар берун рафтанд. Нерӯҳои низомии амрикоӣ барои ҷанг бо терроризм дар Афғонистон, дар ин кишвари хурди Осиёи Миёна мустақар шуда буданд.

Ин гузориш тазаккур додааст, ки Русия низ дар чаҳорчӯбаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба кишварҳои узв ва ҳампаймони худ кӯмакҳои низомӣ ироа мекунад. Ин аст, ки гузориш мегӯяд, ҳоло маълум нест, ки Тоҷикистон аз кадом яке аз ин ду кишвар -- Русия ва ё Амрико кӯмакҳои низомии бештар даёфт мекунад.

Тибқи ин гузориш, аз ҳама кишвари вобаста ба кӯмакҳои низомии Амрико, Афғонистон мебошад ва Вошингтон солона ба Кобул 4,4 миллиард доллар кӯмак мерасонад, ки бахши бузурги он сарфи нерӯҳои низомӣ мешавад.

Ҳамкориҳои низомии Амрико ва Тоҷикистон аз соли 2002 шурӯъ шуда ва дар ин муддат Вашингтон ба артиши Тоҷикистон дар бозомӯзии афсарон ва ироаи таҷҳизоти фаннӣ кӯмак кардааст. Дар доираи ҳамкориҳо дар муборизаи муштарак алайҳи терроризм, Пентагон ба афсарони тоҷик дар Амрико ва минтақа дар мавриди роҳҳои мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ давраҳои омӯзишӣ гузарондааст.

Моҳи гузашта Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълон кард, ки барои муқобила бо Толибону "Давлати исломӣ" ва гурӯҳҳои дигари тундгаро, ба Тоҷикистону ҳамсояҳояш дар минтақаи Осиёи Марказӣ 50 миллион доллар ҷудо мекунад.

Ҳадафи аслии Вазорати дифои Амрико аз ҷудо кардани ин маблағ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ муқобила бо Толибон, "Давлати исломӣ" ва гурӯҳҳои дигари террористӣ ва таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, Тоҷикистон дар ин росто шарики калидӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ҷанг дар Афғонистон амнияти ин кишварҳо ва манофеи Амрико ва муттаҳидонашро зери хатар бурдааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG