Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Соли "хиҷолатбор"-и сардабирон ва "ҷонканӣ"-и матбуот


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Сардабирони нашрияҳои мустақили Тоҷикистон мегӯянд, соли гузашта натавонистанд рисолати худро дар баробари кормандон иҷро кунанд ва аз ин рӯ дар баробари онҳо эҳсоси хиҷолат доранд. Сардабирон мегӯянд, саривақт пардохт нашудани маошҳо, нотавонӣ дар баробари ҳимояти зердастон аз боздошту таҳқирҳо, нашр нашудани матлабҳо бо далели худсонсурӣ аз омилҳое будаанд, ки сардабиронро хиҷолатзада кардаанд.

Хуршеди Атовулло,сардабири нашрияҳои “Фараж”,”Самак” ва “Ману ту ” мегӯяд: “Вақте корманди маро бо баҳонаву тӯҳмати сохта ба зиндон мебаранд ва аз дасти ман чизе намеояд ва ҳар асноде, ки мо пешниҳод мекунем ба зеҳни додрасҳои Тоҷикистон намедарояд, ман худро рӯҳафтода эҳсос мекунам. “

Ба гуфтаи Хуршеди Атовулло ӯ бо дидани “ҳоли зор”-и зердастонаш, ки барои ҳалли мушкилашон дасти кӯтаҳ дорад, рӯҳан азоб мекашад: “Вақте мебинам, ки баъзе нашрияҳои ман азҷумла "Самак"-ро бе ягон асос ба суд медиҳанд ва ҳамаи навиштаҳои мо дар ин маврид беҳуда аст, ҳайрон мешавам, ки магар журналистика нақши худро дар ҷомеа анҷом додааст ё ба касе дигар даркор нест? ”- меафзояд ҷаноби Атовулло.

Хуршеди Атовулло мегӯяд, дарки ин воқеият, ки журналистикаи тоҷик ба марги тадриҷӣ маҳкум шудааст ва коре барои беҳбуди вазъ карда наметавонад, умедашро ба ин касб аз даст медиҳад.

Нозирони вазъи матбуот ҳам як соли ахирро барои расонаҳои мустақили Тоҷикистон соли бисёр душвор мешуморанд. Нашрияҳо дар пайи бӯҳрон ҳудудан 50 дар сади хонандаҳои худро аз даст доданд ва дар ҳоле ки ҳукумат бо сармоягузории нашрияҳои худ "тираж"- и онҳоро бамаротиб боло боло бурдааст, нашрияҳои хусусӣ дар вартаи муфлисшавӣ қарор доранд.

Шарифи Ҳамдампур, яке аз "медиамагнатҳо"-и Тоҷикистон мегӯяд, ки бо ин шароити бӯҳронӣ наметавонад маоши кормандонашро боло бубарад. "Дар корхонаи ман 40 нафар кор мекунанд, ки ҳамагӣ оилаву фарзанд доранд ва зиндагии хуб мехоҳанд. Онҳо ягон манбаи дигари даромад надоранд. Вақте онҳо барои ҳалли мушкилоти молии худ аз ман кӯмак мехоҳанд, ман ба онҳо пул дода наметавонам, нороҳат мешавам ва намедонам сарамро ба куҷо занам.”- мегӯяд Шарифи Ҳамдампур.

Коршиносон ба ҷанбаи дигар ҳам таъкид мекунанд, ки расонаҳои мустақилро дар бунбаст ворид кардааст. Онҳо мегӯянд пас аз баргузории интихоботи парулмонӣ ва баъдан даргириҳои моҳи сентябри соли 2015, ки мақомот аз он ҳамчун кӯшиши табаддулоти давлатӣ ном мебаранд, фазо барои плюрализими сиёсӣ танг шуд ва дар маҷмӯъ ҳудуди 20 рузноманигору фаъоли ҷомеаи журналистӣ мавриди фишор қарор гирифтанд.

Гулнора Амиршоева, муассиси нашрияи “Вечерний Душанбе” мегӯяд, ки кайҳо боз маҳдудияти матбуоти Тоҷикистонро оромона қабул мекунад, аммо мегӯяд, лаҳзаҳое мешавад, ки дигар косаи сабраш лабрез мегардад ва ӯ мехоҳад фарёд занад. “Вале, боз ба худ меоям ва сари он андеша мекунам, ки ман хабарнигори маъмулӣ нестам, ки барои мисол дар чаҳорчуби кадом як барномае ба Амрико биравам ва он ҷо бимонам. Ман аллакай кордиҳанда ҳастам ва дар баробари наздикону кормандони худ масъулият дорам”- меафзояд Гулнора Амришоева.

Аз таъсиси “Вечерний Душанбе” рӯзи 11-уми март панҷ сол пур мешавад, аммо Гулнора Амиршоева аз он мутаассиф аст, ки бинобар камбуди молӣ, наметавонад ин санаро ҷашн бигирад ва ба ҳамкоронаш “идона ” бидиҳад.

Барои Абдуазими Абдуваҳҳоб, сардабири нашрияи “Нигоҳ”, аламовар аст, ки эътимоди мардум ба матбуот костааст ва ба гуфтаи ӯ дар шаҳри миллионнафарӣ ҳатто ду ҳазор нафаре пайдо намешавад, ки ҳафтаномаҳоро бихарад: ”Хеле аламовар аст, вақте ба сухан ва навишатҳоят бовар надоранд, миёни “Нигоҳ”-у дигар расонаҳо фарқ намегузоранд ва фикр мекунанд, ки ҳама фурӯхташудаанд. Шояд дар байни журналистон ва расонаҳо нафаре бошад,ки суханаш дар ҷомеа боиси эътимод нест. Ҳангоме ки туро дар баробари онҳо мегузоранд, воқеан нороҳаткунанда аст.”- мегӯяд Абдуазими Абдуваҳҳоб.

Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 11-уми март ба унвони рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил карда мешавад. Аммо ҷашни имсола дар шароите баргузор мегардад, ки ҳамсӯҳбатҳои мо онро соли “ҷонкании” матбуоти тоҷик ном мебаранд.

XS
SM
MD
LG