Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯҳонӣ: Эъдоми Занҷонӣ мушкилро ҳал намекунад


Раиси ҷумҳури Эрон дар мавриди қазияи Бобаки Занҷонӣ гуфтааст, ки ҳукми эъдоми ин фард мушкили бозгардондани пулҳои ба сирқатрафтаро ҳал намекунад.

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, шоми чоршанбеи 9 март дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии "facebook" дар бораи сарнавишти пулҳои Бобаки Занҷонӣ ва ҳукми эъдоми ӯ ибрози назар кардааст.

Ҷаноби Рӯҳонӣ навиштааст: "Аз фазои таҳрим як фард тавонист 2 миллираду 600 ё 700 миллион доллари пули нафт ва ғайри нафтро тасарруф кунад. Ҳукми эъдом ки мушкилро ҳал намекунад.Суоли мардум ин аст, ки ин 2 миллиарду 700 миллион доллар куҷо рафта? Чӣ касоне ҳимоят карданд? Чӣ касоне тавонистанд ин фазоро ба вуҷуд оварданд, ки ӯ битавонад ин ҳама амволро дар ихтиёр бигирад? Хости мардум ин аст, ки бифаҳманд чӣ гуна ва бо иҷозаи чӣ касе тавонист нафт бифурӯшад? Ҷаро ба ӯ иҷоза доданд?"

Ахиран мавзӯъи бозгардондани пулҳои Бобаки Занҷонӣ ба Эрон дар сатҳҳои гуногуни давлатӣ ва қазоияи Эрон дар ҳоли баррасӣ будааст.

Ду рӯзе қабл, Мустафо Пурмуҳаммадӣ, вазири додгустарии Эрон гуфта буд, агар Бобаки Занҷонӣ бо ниҳодҳои қазоии ин кишвар ҳамкорӣ кунад, ин амр дар ҳукмаш таъсиргузор хоҳад шуд.

Ҷаноби Пурмуҳаммадӣ, рӯзи сешанбеи 8 март ба хабаргузории донишҷӯёни Эрон-ИСНО гуфт: "Ҳар замон ки мо пулро дар ҳисоби бонкиамон дидем, мегӯем, ки Бобаки Занҷонӣ ҳамкорӣ кардааст".

Як коршиноси эронӣ низ ба Радиои Фардо гуфта буд, ки "ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлати ин кишвар маънии баргардондани пул ба Эрон аст. Дар сурати чунин ҳамкорӣ мумкин аст, дар мавриди ҳукми эъдоми Бобаки Занҷонӣ бозбинӣ шавад".

Ин дар ҳолест, ки ниҳодҳои бозрасии Эрон таъкид доштанд, ки Бобаки Занҷонӣ нияти баргардондани пулҳои ба сирқат бурдаашро надорад.

Бобаки Занҷонӣ миллиардерест, ки дар ҷараёни ҷорӣ шудани таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон ба ин кишвар барои давр задани ин таҳримҳо ё кам кардани фишори таҳримҳои бонкӣ кумак кардааст.

Дар 25 декабри соли 2013 ӯ боздошт шуд. Додситонии Теҳрон Бобаки Занҷониро ба фасод, халалдор кардани иқтисодӣ кишвар, тақаллуби густурда аз ширкати миллии нафти Эрон, сохтакории асноди бонкӣ, ҷаъли дастури интиқоли байнибонкӣ, пулшӯӣ ва нашри хабарҳои дурӯғ, муттаҳам кард.

Қарзҳои ҷаноби Занҷонӣ дар назди Вазорати нафти Эрон 2,5 миллиард доллар гуфта мешавад. Бобаки Занҷонӣ дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ борҳо ба "бегуноҳ" будани худ таъкид намуда ва гуфтааст, ки ба унвони сарбоз ё басеҷии иқтисодӣ ба низом кӯмак кардааст.

Сухангӯи қувваи қазоияи Эрон рӯзи якшанбеи 6 март эълон кард, ки "ҳукми Бобаки Занҷонӣ ва ду муттаҳами дигар, ки дар парвандаи нафтӣ муҳокима шуданд, дар додгоҳи ибтидоӣ содир шуд ва додгоҳ ин се муттаҳамро "муфсид фил арз" (фасодкор дар замин) шинохтааст.

Бархе мақомоти эронӣ дар гузашта иддао карда буданд, ки ин тоҷири сарватманд аз 500 то 600 миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ карда ва бо афроди пурнуфузи ҳукумати Тоҷикистон робита дорад. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз ибтидо ин иддаоро ҳамеша рад карда ва ҳатто гуфтаанд, Бобак Занҷонӣ дар Тоҷикистон чизе надорад. Ҳатто ин иддао садо дод, ки ӯ ҳамаи дороиҳои худ дар Тоҷикистонро ба як сармоягузорӣ турк фурӯхтааст.

XS
SM
MD
LG