Пайвандҳои дастрасӣ

Кумаки беш аз 500 ҳазордолларии Ҷопон ба Тоҷикистон


Давлати Ҷопон барои бахшҳои маориф, тандурустӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ба миқдори 535 ҳазору 331 доллар кумаки билоиваз ҷудо хоҳад кард.

Дар ин замина рӯзи панҷшанбеи 10 март дар Сафорати Ҷопон дар шаҳри Душанбе Такашӣ Камада, кордори ин сафорат ва намояндагони 6 ташкилоти Тоҷикистон тарҳҳои кумакрасониро имзо кардаанд.

Бино ба иттилои Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон, ин маблағ дар бунёди мактаб дар деҳаи Навдии ноҳияи Рашт, бозсозии бахши корхонаи протезию ортопедии Душанбе дар шаҳри Хуҷанд, мактаби миёна дар ноҳияи Деваштич, харидории таҷҳизоти тиббӣ ба Маркази ҷарроҳии рагу қалби Тоҷикистон, бунёди мактаб дар ноҳияи Сангвор ва бозсозии мактаб-интернати ятимон дар ноҳияи Вахш масраф хоҳад шуд.

Зимнан, аз соли 1996 то ба ҳол давлати Ҷопон дар Тоҷикистон 352 тарҳи иҷтимоиро ба маблағи умумии 28,5 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG