Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли хешованд барои овозаҳо дар бораи ҳамсар


Дар деҳаи Дон-Булоқи ноҳияи Узгени Қирғизистон марде гулӯи духтари 17-соларо бурид. Гӯиё ин духтар, ки хешованди худаш аст, дар бораи зани ин мард суханони тӯҳматомез паҳн карда бошад.

Дар ин бора ба Бахши хабарии Осиёи Марказӣ сухангӯи идораи корҳои дохилии вилояти Ӯш Жениш Аширбоев хабар дод.

Ба иттилои вай, ин ҷиноят шаби 7 март рух додааст. Ҷинояткорон ҳангоме тавассути тиреза вориди манзили духтарак мешаванд, ки вай хобида буд. Бо гумони содир кардани ин ҷиноят ду марди 22 ва 24-сола боздошт шудаанд. Яке аз гумонбарон хеши кушташуда аст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, гумонбарон дар боздоштгоҳ ҳастанд ва таҳқиқи парванда идома дорад.

XS
SM
MD
LG