Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамла ба “Кумитаи пешгирӣ аз шиканҷа” дар Ингушистон


Дар Қарабулоқи Ингушистон нафарони ношинос ба коргоҳ-ситоди гурӯҳи зудамали “Кумитаи пешгирӣ аз шиканҷа” ҳамла карданд.

Дмитрий Уткин, корманди ин кумита дар Твиттер навиштааст, дурбинҳои назоратӣ нишон доданд, ки одамоне бо либоси мулкӣ ва ниқобпӯш, бо автоматҳо мусаллаҳ ба бинои созмони ғайридавлатӣ ворид мешаванд. Муайян шуд, ки онҳо бо панҷ мошин омадаанд. Як нафар аз ҳамлагарон дурбини назоратӣ дар даромадгоҳро вайрон карда, сипас ҳамаи дурбинҳо дар дохили бино низ вайрон шуданд.

Пеш аз ин дар Ингушистон дар наздикии марзи маъмурӣ бо Чеченистон қариб 20 нафар ба микроавтобуси гурӯҳи зудамали “Кумитаи пешгирӣ аз шиканҷа” ҳамла карданд. Чаҳор нафар захмӣ ва ба бемористон оварда шуданд.

Ба иттилои Уткин, дар ҳайати гурӯҳ хабарнигори норвежӣ Оештейн Виндстад, хабарнигор аз Шветсия Лена Мария Перссон Лоефген, мухбири The New Times Александра Елагина, мухбири “Медиазона” Егор Сковорода, хабарнигорон аз Нижний Новгород Антон Прусаков ва Михаил Солунин, ду нафар ҳомии ҳуқуқи инсон Иван Жалтсов ва Екатерина Ванслова ва ронанда Башир Плиев буданд.

Узви кумита Олег Хабираҳмонов вазъият дар атрофи сомонаи “Йод”-ро чунин шарҳ дод: “Бештар аз дигарон хабарнигорони хориҷӣ осеб диданд. Дар Қафқоз кор кардан ғайриимкон шудааст... Мо ором намешавему ба Шӯрои ҳуқуқи инсони назди президенти Русия ва сафоратҳои хориҷӣ муроҷиат мекунем”.

XS
SM
MD
LG