Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вакили Серик Ахметов: зарари давлат "пӯшонда" шуд


Зараре, ки сарвазири пешини Қазоқистон Серик Ахметов ба давлат расонидааст, пурра бозгардонида шудааст.

Тавре Николй Лесник, вакили Ахметов хабар дод, нафари зери ҳимояаш, ки ба даҳ соли зиндон ва мусодираи молу мулк маҳкум шудааст, наздики 6,5 миллион долларро ба давлат ҷуброн кард.

- Ин маблағро дӯстони Ахметов пардохтаанд. Додгоҳ бояд инро ба эътибор гирифта, ҳукми ӯро бозбинӣ кунад. Инро қонун пешбинӣ кардааст, вале баҳоро судя медиҳад, - гуфт вакили дифои Серик Ахметов.

Сарвазири пешини Қазоқистон дар декабри соли гузашта 10 сол зиндонӣ шуд. Дар сухани охирини худ Серик Ахметов аз президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев "барои он ки ба боварии вай сазовор нашудааст" узрхоҳӣ кард ва Назарбоевро "омӯзгору" "мураббӣ" номид.

XS
SM
MD
LG