Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кремл таҳримҳои зидди Путинро "нобакор" номид


Кремл мегӯяд, даъвати вакилони Парлумони аврупоӣ барои эълони таҳримҳои шахсӣ зидди Владимир Путин ба хотири парвандаи Савченко ғайри қобили қабул аст.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, муҳокимаи низомии украинӣ тибқи қонунгузории Русия идома дорад ва дахолат кардан ба ин парванда низ қобили қабул нест.

Песков гуфт, намедонад, ки оё Савченко бо кадоме аз шаҳрвандони боздоштшудаи Русия дар Украина иваз хоҳад шуд ё на.

Пештар аз ин намояндаи вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова гуфт, гуфтугӯ дар мавриди ивази Савченко баргузор нашудааст ва то эълони ҳукми додгоҳ доир нахоҳад шуд.

Додгоҳи шаҳрии Донетски вилояти Ростови Русия хабар дод, ки ҳукми Савченко 21 март эълон хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол, Савченко гуфт, ба гуруснанишинӣ идома медиҳад. Вай аз рӯзи 3 март аз хӯрдану ошомидан даст бардоштааст. Пештар прокурор барои Савченко 23 сол зиндон талаб кард, ҷониби ҳимоя талаб дорад, ки вай пурра сафед шавад.

Надежда Савченко дар ҳамдастии куштори ду хабарнигори телевизиони давлатии Русия дар тобистони соли 2014 дар вилояти Лугански Украина айбдор мешавад. Ин низомии украинӣ айбҳоро рад мекунад ва мегӯяд, ӯро ҷудоихоҳон дуздӣ ва баъдан ба Русия овардаанд.

XS
SM
MD
LG