Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шабакаи Sky News ( Скай Ниюз ) аснодеро ба даст овардааст, ки дар онҳо ном, адрес, шумораҳои телефон ва адресҳои хонаводаии 22 ҳазор нафар аъзои ДОИШ дарҷ шудааст.

Sky News мегӯяд, ин аснодро аз як узви пешини гурӯҳи тундравҳои Давлати Исломӣ дарёфт кардааст ва бино ба гузоришҳо, вай картаи ҳофизаро аз раҳбари амнияти дохилаи тундравҳо рабудааст.

Дар ин карта маълумот дар бораи афродест, ки аз 51 кишвар ба узвияти ДОИШ даромадаанд. Sky News мегӯяд, ки дар бораи ин маълумот ба ниҳодҳои кашф хабар додааст. То ҳол вазоратҳои дохила ва хориҷаи Британия ба ин хабар вокуниш нишон надодаанд.

Нусхаи ин ҳуҷҷатҳо аз шабакаи Sky News пахш шуд ва гуфта мешавад, ки ҳар шахс ҳангоми даромадан ба узвият бояд ба 23 суол посух диҳад, аз ҷумла хунаш ба кадом гурӯҳ тааллуқ дорад, номи фамилияи духтарии модараш чӣ будааст ва дар кадом сатҳ аз шариат огоҳӣ дорад ё собиқаи пешинааш чист?

Ин ҳуҷҷатҳоро дар картаи ҳофиза Абу Ҳомид ҷамъоварӣ кардааст, ки пештар дар Артиши озоди Сурия хидмат кардааст ва сипас ба гурӯҳи тундравҳои Давлати Исломӣ пайвастааст.

XS
SM
MD
LG