Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар тирандозии Пенсилвания 5 нафар кушта шуд


Дар аёлати Пенсилванияи Амрико дар як тирандозӣ 5 нафар кушта, 3 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Пулис мегӯяд, ду марди мусаллаҳ дар Питсбург аз роҳрав ба сӯи аҳли нишасте дар боғчаи як ҳавлӣ тирандозӣ ва аз маҳали ҳодиса фирор кардаанд.

Ҳамла дар Вилкинсбург-шаҳраки дорои 15 ҳазор нафар аҳолии аслан камбизоат ва миёнаҳол аз силсилаи ҳамлаҳоест, ки вақтҳои охир водор кардааст, то назорат бар аслиҳа дар маъракаҳои интихоботии номзадҳои раёсати ҷумҳурӣ низ матраҳ шавад.

XS
SM
MD
LG