Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди HRW аз низоми адлияи Афғонистон


Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch (HRW) дар робита бо парвандаи куштори Фархунда Маликзода аз низоми адлияи Афғонистон интиқод кард. Ин созмон дар эъломияи 10 марти худ гуфтааст, низоми адлияи ин кишвар муҷозоти 13 нафари гунаҳгор ба қатли Фархундаро бекор кардааст ва ба ин тартиб натавонистааст масъулияти худро анҷом диҳад.

Дидбони Ҳуқуқи Башар ҳамачунин аз Додгоҳи Олии Афғонистон интиқод кардааст, ки 8 март дар Рӯзи байналмиллалии занон муҷозоти гунаҳгоронро кам кардаааст.

19 марти соли гузашта ба Фархундаи 27 сола дар наздикии як макони муқаддас дар Кобул бераҳмона ҳамла бурданд. Як мард фарёд кашид, ки ин зан Қуръонро оташ задааст. Баъдтар ин тӯҳмат таъйид нашуд.

Ин куштори бераҳмона дар Афғонистон сабаб шуд, то аз ин кишвар бихоҳанд, ки низоми адлияи худро тағир диҳад, кишваре ки ба чанголи ришвахориву гурӯҳбозиву бесалоҳиятӣ даромадааст ва барои ҳимояти занҳо аз хушунат ба ҳимояти қаввӣ ниёз дорад.

арои куштори Фархунда 4 мард ба марг маҳкум шуданд ва 9 нафари дигар барои муддатҳои тшлонӣ маҳкум ба зиндон тшуданд.

XS
SM
MD
LG