Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар марз як кочоқчӣ куштаю 50 кило ҳашиш мусодира шуд


9 марти соли равон соати 23:20 дақиқаи шаб дар яке аз минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии «Ҳамадонӣ» дар қитъаи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон убури ғайриқонунӣ ва интиқоли маводи мухаддир пешгирӣ шудааст.

Бино ба иттилои Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Раёсати неруҳои марзбони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, байни сарҳадбонон ва гурӯҳи 7 нафарии қочоқбарони мусаллаҳи афғон задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омадааст.

Дар натиҷа ду нафар аз қочоқчиён захмдоршуда як нафари онҳо бошад безарар гардонида шуд, боқимонда аз торикии шаб истифода бурда, тариқи қамишзор ақибнишинӣ намуда ба тарафи Афғонистон фирор намуданд.

Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса як ҷасади қочоқчии афғон тақрибан 30-сола кашф шуда ва 50 кг маводи мухаддири ҳашиш, як адад яроқи оташфишони АК-қутраш 12 мм бо 1 адад тирдон ва тирҳояш истеҳсоли хориҷӣ мусодира гардидааст. Маълум шуд, қочоқчиён сокинони манотиқи Ҳазрати Бӯстон ва Лоламайдони ноҳияи Дарқади вилояти Тахори Афғонистон будаанд.

Айни ҳол нисбати ин ҳодиса тафтишот идома доранд.

XS
SM
MD
LG