Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши бесобиқаи теъдоди занони қирғиз дар гурӯҳҳои тундрав


Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон, дар зарфи 10 соли ахир шумори занони кишвар, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шудаанд, то 25 дарсад афзоиш ёфтааст.

Мелис Турганбоев, вазири корҳои дохилӣ дар нишасте дар шаҳри Ботканд гуфтааст, бештари аъзои гурӯҳҳои ифротӣ ҷавонзанҳои 22-25 сола ташкил медиҳанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Турганбоев, аз вилояти Ботканд 44 нафар дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ширкат карда, 10 нафари онҳо кушта ва 4 нафари идгар ба ватан бозгаштаанд.

Ҳамакнун кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон дар сартосари кишвар корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ карда ва аз оқибатҳои пайвастан ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ хушдор медиҳанд.

XS
SM
MD
LG