Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ноҳияи Рӯдакӣ 3 гранатамёт пайдо карданд


Акс аз торнамои Вазорати дохила

Акс аз торнамои Вазорати дохила

Шӯъбаи корхои дохилаи ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳудуди ин ноҳия дар наздикии обанбори маҳаллаи Гулбутта 3 гранатамёт ва муҳимоти ҷангӣ пайдо кардааст. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо такя ба хабари сокинон дар торнамои расмии худ дар ин бора хабар додааст.

Бино ба ин хабар, 6 марти соли 2016 сокини ноболиғи ин маҳалла Муҳаммадазими Муҳаммадалӣ ва Нодиров Амиршоҳ сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар ин бора ба пулиси ноҳия хабар расондаанд.

Ҳангоми идома додани амалиёти тозакунӣ аз тарафи гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ, инчунин 1-адад АКМ, 1-адад норинҷаки дастӣ, маводи тарканда ва тирҳои қутрашон гуногун дарёфт ва мусодира карда шуд.

Дар ин хабар омдааст, барои зоҳир намудани зиракиву ҳушёрӣ ва ҳисси баланди ватандӯстию ватанпарастӣ ноболиғони номбаршуда аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ бо мукофотҳои қимматноки «Ноутбук» ва ба волидайни онҳо Нодиров Сайалӣ Саидович, Муродова Гулистон Саймутдиновна, сокинони ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ва Мирзоев Муҳаммадалӣ Маҳмадсаидович, Мирзоева Моҳсафар Собировна, сокинони деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ бо «Ифтихорнома»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

XS
SM
MD
LG