Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши пулис барои бор кардани зане ба бордони мошин


Uzbekistan - policemen are taking a woman to the police station

Uzbekistan - policemen are taking a woman to the police station

Хабарнигори маҳаллии “Озодлик” видеоеро ирсол кард, ки дар он навор саҳнаи талоши ду маъмури милитсия барои бо зӯрӣ дар бордони мошин ҷой кардани як зан дида мешавад.

Дар оғози видеои 14 сониягӣ ду маъмури бузургҷуссаи милитсия занеро ба сӯйи бордони мошин кашола мекунанд. Сипас яке аз онҳо ҷузъдони мошини Nexia-и сафедрангро боз мекунад. Аммо маъмурон аз бори аввал наметавонанд занро дохили бордони кунанд, зеро вай фарёдзанон дасту по мезанад. Ҳамин лаҳза зан ба замин меафтад ва маъмурони милитсия дубора талош мекунанд, ки ӯро бардошта вориди бордони мошин кунанд, аммо ин кор барояшон ҳеҷ муяссар намешавад.

Муаллифи ин видео мегӯяд, ки дар муқобили шӯъбаи визаву сабти ном (ОВИР) шоҳиди чунин ҳодиса шудааст. “Дар атроф хархаша шурӯъ шуда, мардум ҷамъ шуданд. Ба ин сабаб милисаҳо натавонистанд ин занро вориди кунанд. Дертар ман огаҳӣ ёфтам, ки ин зан талбанда будааст. Милисаҳо аввал кӯдакашро гирифтанд ва ба ин сабаб зан фарёд мекунад”, - мегӯяд хабарнигори маҳаллии “Озодлик” аз Самарқанд.

Аммо кормандони милитсия ин хабарро комилан рад карданд. “Чунин ҳодиса дар назди ОВИР рух надодааст ва рух дода ҳам наметавонист”, - гуфт намояндаи бахши корҳои дохилии вилояти Самарқанд.

Бо ин вуҷуд, муаллифи навори видеоӣ мегӯяд, ки “ин ҳодиса дар муқобили бинои ОВИР-и Самарқанд рух додааст. Дар пасманзари навори видеоӣ ин бинои ОВИР аст. Дар пушт он бинои бахши шаҳрии корҳои дохилӣ воқеъ мебошад. Аз тарафи рост кадом як меҳмонхонае ҷо гирифтааст”.

XS
SM
MD
LG