Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар вилояти Мангистауи Қазоқистон бештар аз 150 нафар наметавонанд шаҳрвандии ин кишварро дарёфт кунанд, хабар медиҳанд мақомоти маҳаллӣ.

Ин иттилоъ баъди нашри матлаб дар бораи оралманҳо ё ҳамватанони муқими Эрон дар сомонаи бахши қазоқии Радиои Озодӣ рӯ зад.

Оралманҳое, ки ба вилояти Мангистау аз Эрон ва Ӯзбекистон омадаанд, мегӯянд, барои дарёфти шаҳрвандии Қазоқистон тибқи низоми соддашуда иҷозатномаи Остонаро интизоранд. Идораи муҳоҷирати вилоятӣ умедвор аст, ки масъалаи дарёфти шаҳрвандии оралманҳо то интихоботи парлумонии 20 март ҳал хоҳад шуд.

Сухангӯи ҳокими вилояти Мангистау Гулмира Балгожаева дар Фейсбук навишт, ки аз соли 2010 то имрӯз ба ин вилоят бештар аз 23 ҳазор қазоқтаборон баргаштаанд. Аммо онҳо барои дарёфти шаҳрвандии Қазоқистон тибқи низоми соддашуда сари вақт ҳуҷҷат насупоридаанд.

Қазоқтаборон аз Эрон, Арабистони Саудӣ, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар Маркази мутобиқшавӣ барои оралманҳо дар шаҳри Актау ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG