Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон додраси додгоҳи Душанбе Халил Холиқзодаро ба гумони ришваситонӣ аз як сокини пойтахт боздошт кардааст. Эркин Назарзода, сухангӯи ин оҷонсӣ бо тасдиқи ин хабар 9 март ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони ин ниҳод Халил Холиқзодаро зимни гирифтани ришва ва ба миқдори 1000 доллари амрикоӣ аз шаҳрванд "А" боздошт карда ва феълан тафтишоти парвандаи ӯ идома дорад.

Ба гуфтаи ӯ, Халил Холиқзода ҷои гирифтани пораро дар саҳни боғи Устод Рўдакӣ интихоб кардааст, ки дар лаҳзаи ситонидани ришва дастгир шудааст. Ӯ барои ба манфиати падари шаҳрванд "Б" ҳал намудани баҳси манзили зист, ки ин парванда дар баррасӣ қарор дорад, аз вай ҳамчун ришва ба миқдори 2000 доллар талаб намудааст. Дар ибтидо ҳудуди 1000 доллари ришваро додрас дар назди Маркази савдои “Садбарг” дарёфт карда, маблағи боқимондаро мехостааст дар саҳни боғи Устод Рўдакӣ гирад. Дар нисбати Халил Холиқзода бо моддаи 319 Кодекси ҷиноӣ, яъне, “гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон”, парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва тафтишоти ин қазия идома дорад.

XS
SM
MD
LG