Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи Толибон ба биноҳои ҳукуматӣ дар Ҳилманд


Шӯришиёни Толибон дар вилояти Ҳилманди Афғонистон ба биноҳои ҳукуматӣ ҳамла бурдаанд. Дар ин минтақа Толибон аз моҳҳо ба ин сӯ бо нируҳои ҳукуматӣ мубориза мекунанд.

Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, Толибон субҳи 9 март дар Герешк ба бинои пулис ва нируҳои кашф ҳамла кардаанд. Сухангӯи волии вилоятъи Ҳилманд мегӯяд, вақте, ки чаҳор нафар ҳамлакунанда вориди бинои пулис шудаанд, ду афсари пулис кушта, дастикам 4 нафар афсари дигар захмӣ шудаанд.

Вай гуфтааст, ки се нафар аз ҳамлакунандагон дар оташи ҷавобӣ кушта шудаанд. Ба ин тартиб аз вуруди ҳамлакунандагон ба дафтари нируҳои кашф пешгирӣ кардаанд. Масъулияти ҳамларо Толибон бар душ гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG