Пайвандҳои дастрасӣ

Матбуоти Эрон мегӯяд, ки аз қисмати шимолии ин кишвар ду мушаки болдори Қадр Н партоб шудааст ва онҳо дар қисмати ҷанубии кишвар дар дурии 1400 километр ҳадафро аз байн бурдаанд.

Хабаргузории нимарасмии Форс гуфтааст, рӯи ин мушакҳо навишта шудааст:“Исроил бояд аз байн биравад”.

Партоби мушкаҳо дар ҳоле эълон шудааст, ки Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико дар ҷараёни силсилабоздидҳои худ аз кишварҳои Ховари Миёна вориди Исроил шудааст.

Вазорати корҳои хориҷаи Амрико аз партоби мушакҳои Эрон интиқод кардааст ва гуфтааст, ки ин масъаларо дар Шӯрои Амнияти СММ матраҳ хоҳад кард. Ин мушкҳо 8 март партоб шуда буданд.

Ду моҳ пеш Вашингтон бар зидди фаъолиятҳо ва шахсиятҳое, ки дар Эрон бо озмоиши мушакҳои миёнбурди Эмод иртибот доранд, таҳрим ҷорӣ карда буд. Мушаки Эмод моҳи октябри соли 2015озмуда шуд.

XS
SM
MD
LG