Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пулиси Тоҷикистон гурӯҳеро дар Роғун боздошт кард ва ба идораи пулиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе интиқол дод. Сабаби боздошти онҳо ҳанӯз эълон нашудааст.

Пулиси Тоҷикистон гурӯҳеро дар минтақаи Роғун, 90-километрии пойтахт боздошт кард ва ба идораи пулиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе интиқол дод. Шарҳи расмии боздошти онҳо ҳанӯз эълон нашудааст.

Субҳи чоршанбеи 9 март пайвандону наздикони гурӯҳе аз ҷавонони деҳаи Қалъаи Нави шаҳри Роғун дар назди бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷамъ омада, хостори озодии онҳо шуданд. Ҳанӯз шумори дақиқи боздоштшудаҳо маълум нест, вале хешутаборашон иддао доранд, ки онҳо даҳҳо нафар ҳастанд ва боздошташон давоми чаҳор рӯзи ахир дар масҷиди маҳаллӣ сурат гирифтааст. Аммо боздошти шумораи бештари сокинон дирӯз, 8-уми март дар масҷиди маҳаллӣ сурат гирифтааст.

Дар миёни боздоштшудаҳои шаҳри Роғун имомхатиби деҳаи Қалъаи Нав ва табиби ин маҳалла низ ҳастанд. Як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Роғун гуфт, 25 нафар сокинони деҳаи Қалъаи Нав ҳамроҳ бо имомхатиби масҷиди ин деҳ бо номи Муборакшо Ҳасанов ва пизишки деҳа бо номи Фазлиддин Гадоев боздошт шудаанд. Мӯъминшоҳ Тоиров, сармутахассиси Кумитаи кор бо дини Роғун гуфт, аз ин боздоштҳо хабардор шудаанд ва ҳоло дар робита бо ин, бо мақомот ҳамкорӣ доранд.

Хешутабори афроди боздоштшуда иддао мекунанд, ки наздиконашонро барои "намозгузорӣ бо шеваи салафӣ" боздошт кардаанд. Вале то ҳол ин хонаводаҳо шарҳи расмии боздошти наздикони худро дарёфт накардаанд.

Ҷалолиддини Садриддин, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 9-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло маълум нест, ки аз ин гурӯҳи боздоштшуда нисбат ба чанд нафари онҳо айб эълон мешавад. Ӯ гуфт: “Ҳоло боздоштшудаҳо танҳо гумонбар ҳастанд. Тафтиш мешавад, месанҷанд, ки то кадом андоза аъзои ин гурӯҳ ҳастанд ё не, баъдан айб эълон мешавад. Ҳоло кор бисёр аст, то тафтиш муайян накунад, исбот накунад, хулоса баровардан мушкил аст.”

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, кормандони ин ниҳод ҳеҷ гоҳ сокинонро бидуни далел боздошт намекунанд: “Ҳар нафаре, ки дорои ақидаи равияи Салафия буда, мисли ин равия рафтор мекунад, боздошт мешавад. Сокинон бояд нағз дар хотир дошта бошанд, ки тибқи қарори Суди олӣ аз соли 2009, ин равия манъ шудааст."

Дар ҳамин ҳол, хештутабори гумонбарон мегӯянд, ки аз баъзе хонаводаҳо ду-сенафарӣ боздошт шудаанд. ​Зӯҳро Ҷӯраева, як тан пайвандони ҷавонони боздоштшуда ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи гузашта ҳангоми ибодат дар масҷиди деҳа кормандони ҳифзи ҳуқуқ ду писар ва як набераи ӯро дастгир карда ва ба шаҳри Душанбе бурдаанд. Ӯ гуфт: “Баъд кормандони милиса ба хонаи мо омада ҳама ҷоро ҷустуҷӯ карданд, сандуқро кушода дарунашро тафтиш карданд. Гуфтанд, китобҳои динӣ мекобанд. Имрӯз ба Душанбе омада фаҳмидем, ки фарзандони моро барои адои намоз ба тариқи Салафия боздошт кардаанд. Ин нодуруст аст. Фарзандони мо ба мисли падару бобоҳояшон намоз мегузоранд ва ба Салафия алоқае надоранд”.

Аксари онҳое ки имрӯз дар назди ШКД-и Фирдавсӣ ҷамъ омада буданд, иброз доштанд, ки пайвандонашон аслан дониши динии комил надоштанд ва мисли аҷдодони худ дар масҷид намоз мегузоштанд.

Нарзигул Кенҷаева, яке аз дигар афроди дар инҷо ҷамъомада гуфт, бародарзодаи ноболиғашро, ки дар хонавода ягона писар аст, боздошт кардаанд: “Ҷиянам ҳеҷ дониши динӣ надорад, китобҳои диниро ҳам хонда наметавонад”.

Раҷабмоҳ Кенҷаева, ки бародаронашро ҳамроҳи дигар сокинони деҳаи Қалъаи Нави Роғун ба Душанбе овардаанд, бо тааҷҷуб мегӯяд, “наход шаҳрвандро барои намозхонӣ боздошт кунанд. Мо ҳамаамон намоз мехонем. Мо бе мардони хонавода чӣ кор мекунем?”

Масъулони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ ба хабарнигорон гуфтаанд, ки баррасии ин қазия тоза шурӯъ шуда ва пас аз фарҷоми бозпурсии боздоштшудаҳо дар ин замина ибрози назар хоҳанд кард.

Ҳанӯз маълум нест, ки иллати боздошти ин нафарон танҳо намозгузории дур аз мазҳаби Ҳанафӣ аст ва ё мақомот онҳоро дар ҷурмҳои дигар низ муттаҳам медонанд. Аммо ҳафтаи гузашта ВКД Тоҷикистон дар бораи ташаббуси таъсиси гурӯҳи "Фаъолон" дар масҷидҳои Тоҷикистон хабаре пахш кард.

Дар ин хабар гуфта мешуд, ки масъулини Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод дорад, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз шеваи ғайриҳанафии намозгузорӣ дар масҷидҳои кишвар гурӯҳҳои назоратӣ таъсис шаванд ва ба ҳайати он ҳамчунин намояндагони ҳифзи ҳуқуқ шомил шаванд. Пешинҳод ин аст, ки гурӯҳи "Фаъолон" ҳақи боздошти афроди мавриди шубҳаро дошта бошанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар солҳои охир аз гароиши шаҳрвандон ба гурӯҳҳои мазҳабии ифротӣ ва экстремистӣ нигарон буда, дастурҳоеро дар роҳи ҷилавгирӣ аз ин раванд содир кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG