Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон маблағи 34 миллион доллар медиҳад. Созишномаи миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Осиёи Рушд рӯзи чоршанбеи 9 март зимни иҷлосияи порлумони кишвар баррасӣ ва мавриди таъйиди вакилон қарор гирифт. Сумангул Тағозода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон тарҳи ин созишномаро муаррифӣ карда ва гуфт, ки бар асоси ин созишномаи грантӣ, 34 млн доллар ба Тоҷикистон ҷудо мешавад, ки аз ин 15 миллион қарзи имтиёзнок ва 15 миллионаш грант мебошад. Ҳамчунин аз ин 2 миллион доллар аз Хазинаи нерӯи тоза ва 2 миллиони дигараш ҳиссаи Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Ба таъкиди хонум Тағозода, ин лоиҳа аз моҳи марти соли ҷорӣ мавриди иҷро қарор мегирад ва то мохи марти соли 2021 идома мекунад.

Ҳадафи аслии ин лоиҳа, беҳтар кардани сатҳу сифати кадрҳои коргарӣ дар Тоҷикистон аст. Барномаи мазкур 29 муассисаи таҳсилоти касбии техникӣ ва 17 тахассуси интихобшударо фаро мегирад ва ҳамчунин таъмиру бозсозии 7 хобгоҳи мутааллиқ ба ин муасиссаҳоро дар назар дорад. Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумони Тоҷикистон тасвиби ин созишномаро муҳим арзёбӣ кард ва гуфт, кӯмаки мазкур барои беҳтар кардани сифати омӯзиш дар Точикистон ва омода кардани кадрҳои коргарии рақобатпазир дар бозори меҳнат, мусоидат хоҳад кард. Зимнан, муассисаҳои касбӣ – техникии Тоҷикистон, ки бозмонда аз даврони Шӯравии пешин ҳастанд ва куллия таҷҳизоти онҳо кӯҳнаву фарсуда ва қариб корношоям мебошад.

XS
SM
MD
LG