Пайвандҳои дастрасӣ

«Истиқлол»-и Душанбе дар Ҷоми AFC аз «Триполи» дар Лубнон бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон, дар даври дувуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) аз дастаи мизбон - «Триполи», собиқ қаҳрамон ва барандаи дукаратаи Ҷоми Лубнон, бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Ин бозӣ 8 март дар варзишгоҳи “Триполи”-и шаҳри Триполи бо ҳузури 4000 тамошобин баргузор шуд. Александр Каблаш, легионери украинии “Истиқлол”, дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 55-ум ҳисобро боз кард. Вале баъди се дақиқа Абдул Азиз, бозигари мизбонон, ҳисобро баробар намуд. Голи дувум ва ҳалкунандаи “Триполи”-ро Валид Фаттоҳ дар дақиқаи 87-ум ба самар расонд.

Ҳайатҳои дастаҳо дар ин бозӣ чунин буд :

«Триполи» (Лубнон): 55. Сироҷ Ал-Самад. 3.Эммануэл Офори. 6. Муҳаммад Эстабели. 7. Саъд Юсуф (20. Валид Фаттоҳ, 71). 8. Ғозӣ Ал-Ҳусейн (11. Мустафо Ал-Кассаа, 90+4). 9. Абдул Азиз. 10. Абубакр Ал-Мел. 12. Майкл Кафу. 13. Ҳамза. 21. Аҳмад Диаб (14. Аҳмад Мағрибӣ, 76). 22. Абдулло Толиб (капитан).

Сармураббӣ: Низор Маҳрус (Сурия).

“Истиқлол” (Тоҷикистон: 1. Никола Стошич. 2. Сиёвуш Асроров. 5. Ҷаҳонгир Ҷалилов (11. Акмал Холматов, 46). 6. Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ. 8. Нуриддин Давронов (капитан). 10. Александр Каблаш. 15. Петро Ковалчук. 17. Дилшод Восиев. 18. Фатҳулло Фатҳуллоев (13. Нозим Бобоҷонов, 82). 19. Аҳтам Назаров. 63. Манучеҳр Ҷалилов.

Сармураббӣ: Мубин Эргашев (Тоҷикистон).

Огоҳонида шуданд: Ҷаҳонгир Ҷалилов, 7, Аҳтам Назаров, 61.

Сардовари бозӣ: Чоримурод Қурбонов (Туркманистон).

Дар бозии дигари даври дувум дар гурӯҳи “В”, ки шаби сешанбеи 8 март ба поён расид, дастаи «Ал-Файсалӣ»-и Урдун бар тими меҳмон - «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ – бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд (Голҳo: Ёсин Бахит, 55 (1:0). Салом Маҳмуд Сулейм, 78 (2:0). Амҷид Валид Ҳусейн, 90 (2:1).

Ба ин тартиб, «Ал-Файсалӣ» бо 4 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “В” мақоми аввалро касб кардааст. «Нафит Ал-Васат» ва “Триполи” бо 3- имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойгоҳҳои дувуму севум қарор доранд. “Истиқлол” бо як имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шудааст.

“Истиқлол” бозии даври севумро рӯзи 15 март дар меҳмонӣ бо «Нафит Ал-Васат» -и Ироқ анҷом медиҳад. Бозии дигари гурӯҳи “В” байни дастаҳои «Триполи» (Лубнон) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун) барпо мегардад.

Ёдовар мешавем, «Истиқлол» бозии даври аввали сабқати интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиёро бо тими “Ал-Файсалӣ”-и Урдун, барандаи дукаратаи Ҷоми AFC, 23 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом дода буд.

Ҷоми АFC-2016

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “В”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Ал-Файсалӣ»

2

1

1

0

2-1

4

2.

«Нафит Ал-Васат»

2

1

0

1

2-2

3

3.

«Триполи»

2

1

0

1

2-2

3

4.

«Истиқлол»

2

0

1

1

1-2

1

Даври 3-юм

15 март (сешанбе)

«Триполи» (Лубнон) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун)

«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 4-ум

12 апрел (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Триполи» (Лубнон)

Даври 5-ум

26 апрел (сешанбе)

«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Триполи» (Лубнон) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

Даври 6-ум

10 май (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Триполи» (Лубнон)

«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG