Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мушакҳои болдорашро озмоиш дод


Эрон мегӯяд, ки нируҳои мусаллаҳаш аз нақбҳои зерзаминӣ чанд мушаки болдори худро озмоиш додаанд. Ин мушакҳо дар чаҳорчӯбаи машқҳои низомӣ озмуда шудаанд ва аз болои сарзамини Эрон парвоз кардаанд.

Хабаргузории ИСНА-и Эрон мегӯяд, ин озмоишро Сипоҳи посдорони инқилоб 8 март анҷом додааст ва ҳадафи он нишон додани нируи Ҷумҳурии Исломӣ ва тавоноии он барои баргардонидани ҳар гуна хатар мебошад.

Бино ба гузориши телевизиони давлатӣ, мушакҳо шабона аз як нақби зарзаминӣ партоб шудаанд. Гардонандаи барномаи телевизионӣ гуфт, ки мушакҳои партобшуда аз навъи мушакҳои миёнбурди Қиём-1 будааст.

Генерал Амир Алӣ Ҳоҷизода-яке аз фармондеҳони Сипоҳи посдорони инқилоб гуфтааст, ки таҳримҳои Ғарб ба такмили мушакҳои болдор тааллуқ надорад.

Амрико моҳи январи соли ҷорӣ ба таври иловагӣ ба 11 ширкату шахсият, ки бо барномаи мушакҳои болдори Эрон кор мекунанд, таҳрим ҷорӣ намуд.

XS
SM
MD
LG