Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз 8 март мусодиф аст ба “Рӯзи Модар” дар Тоҷикистон, ки асосан аз даврони Шӯравии пешин боқӣ мондааст.

Дар муқоиса ба солҳои қабл имсол иди “Рӯзи Модар” дар Тоҷикистон ором ва бидуни баргузории ҷашну маҳфилҳои оммавӣ таҷлил шуд.

Аз субҳ кӯчаҳои шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон низ камодам ва ҳамин тавр ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ низ коҳиш ёфтааст. Аҳён – аҳён занону мардон ба чашм расиданд.

Танҳо наздик ба зуҳр сокинон вориди боғҳои шаҳри Душанбе шуда ва зимни сайру гашт аз “Рӯзи Модар” таҷлил ба амал оварданд.

Аммо ба таври расмӣ маҳфили хосе ба муносибати “Рӯзи Модар” дар шаҳри Душанбе баргузор нагардид.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон танҳо рӯзи гузашта дар паёми телевизионӣ занону модарони тоҷикро ба муносибати идашон табрику шодбош гуфт.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти модарону бонувонро дар ростои зуҳуроти хатарноки ифротгароӣ ва террористӣ боз ҳам зиёдтар арзёбӣ карда,онҳоро ба зиракӣ, ҳушёрӣ, назорати доимии фарзандон ва ба тарбияи ҷиддии онҳо даъват кард.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт: "Модарони азиз метавонанд ва вазифадоранд, ки бо насиҳат ва эҳсоси муҳаббати модаронаи худ наврасону ҷавононро аз гаравидан ба гурӯҳу созмонҳои ифротиву террористӣ эмин доранд, ба онҳо сабақи дурусти ҳаётӣ диҳанд ва нагузоранд, ки фарзанди бо ҳазор ранҷу заҳмат парваридаи онҳо бадкирдору бадбахт шавад".

Ба гуфтаи ӯ, ба ҷуз модар каси дигар аз дили фарзанд огоҳ нест ва фарзанд низ модарро беҳтарин ва нахустин муаллими ҳаётии худ медонад.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, итминон дорад модарону бонувони кишвар дар амри ободии Ватани азиз, оромии ҷомеаи кишвар ва пешрафти давлати соҳибистиқлол нақши пурарзиш мегузоранд.

Даъвати раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз модарон барои насиҳату назорати фарзандонашон дар ҳолест, ки тибқи иттилои мақомот ҳамакнун беш аз 1000 шаҳрванди ин кишвар дар Сурияву Ироқ ба сар мебаранд.

Ҳамзамон, Маҳмадсаиди Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе дар остонаи “Рӯзи модар” ба беш аз ду ҳазор зани роҳрӯб дар ҳаҷми умумии 2 миллион сомонӣ тӯҳфа кардааст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар як ҷаласа аз кори занони роҳруб тавсиф намуда, онҳоро “посбони зебоиву тозагии шаҳр унвон кардааст.”

Таҷлили хоксоронаи “Рӯзи Модар” дар ҳолест, ки солҳои қабл ин иди миллӣ дар сатҳи ҳукуматӣ бо баргузории ҷаласаи ботантана ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор мегардид. Як рӯз қабл раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо занони фаъоли шаҳру навоҳии кишвар мулоқот карда ва роҷеъ ба бурду бохти зиндагии занон сӯҳбатҳо мекард.

Ҳатто соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод карда буд, то дар шаҳри Душанбе "Муҷассамаи модар" бунёд шавад.

Тибқи оморҳо 51 дарсади ҷамъияти Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд ва бо вуҷуди тасвиби чандин барномаи давлатии боло бурдани мақоми зан, мизони ҳузури “ҷинси латиф” дар тақсими мансабҳои давлатӣ бо мардон баробар нест. Ҳарчанд бино бар омори расмӣ ҳоло ҳудуди 30 дарсади курсиҳои раҳбарикунанда дар ниҳодҳои ҳукумати Тоҷикистонро занон ишғол кардаанд, аммо боз ҳам ба таъкиди нозирони умур, он занҳое, ҳам ки феълан дар мақомҳои раҳбарии вазоратхонаҳо ва ё дигар ниҳодҳои давлатӣ фаъолият мебаранд, аксаран аз ҷумлаи наздикони мақомоти баландпоя ва ё аз як маҳал ҳастанд.

Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон аксаран дар мулоқотҳояш аз нақшу ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва ҳузури онҳо дар мақомоти идории кишвар ёдрас мешавад. Ҳамчунин, бо ҳадафи боло бурдани ҷойгоҳи зани тоҷик дар умури сиёсӣ 8 соле қабл барномаи давлатии баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа қабул шуд. Аммо бо ин ҳам гуфта мешавад, занҳо дар ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз нақши калидӣ ё таъйинкунанда надоранд ва мақомҳои раҳбарӣ ҳам ба онҳо чандон бовар карда намешавад.

Ҳатто яке аз курсиҳои сарвазирӣ ҳаққи занон буд, аммо дар пайи барканории Марҳабо Ҷабборӣ аз мақоми муовини нахуствазир дар умури илм ва фарҳанг то ҳол ин курсӣ холист.

Ҳарчанд иштироки занони тоҷик дар мақомоти қонунгузор, яъне парлумон 17 дарсадро ташкил медиҳад, ки ин нишондод мутобиқ ба вазъи куллӣ дар ҷаҳон аст. Аз сӯи дигар ба гуфти мақомот 40 сади аъзои аҳзоби сиёсиро низ занон ташкил медиҳанд. Ҳоло дар Тоҷикистон як вазир ва як раиси кумита зан аст.

Ахиран бар асоси фармони раиси ҷумҳурӣ Озода Раҳмон, духтари президент Эмомалӣ Раҳмон, раҳбари дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурӣ таъин гардид.

Бо ин ҳама Созмони ҷаҳонии Наҷоти кӯдакон, ё Save the Children, дар ду соли пеш дар гузориши солонаи худ мавқеи занони тоҷикро дар пешбурди сиёсати кишвар поийнтар аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ қарор дода буд.

Дар таҳлили созмони Save the Children, ки аслан ба манзури муайян кардани кишвари беҳтарин барои ҳифзи модарон дар соли 2014 анҷом шудаву 178 кишварро фаро мегирифт, Тоҷикистон дар зинаи 134-ум ҷой гирифтааст. Шохиси мазкур аз рӯи 5 нишондод, ширкати занон дар пешбурди сиёсати кишвар, маргу мири модарон, мавориди марги кӯдакони синни то панҷсола, имконияти таҳсили кӯдакон ва даромади нохолиси миллӣ омода шудааст.

Бар пояи ин гузориш, ширкати фаъоли занон дар ҳаёти сиёсӣ бештар дар Туркманистон будааст, ки 26 дарсади умури мудириятро занон соҳибӣ кардаанд. Дар Қирғизистон ин рақам ҳудуди 24 дарсад, Қазоқистону Узбакистон наздики 20 дарсад ва аммо дар Тоҷикистон поинтар аз дигар кишварҳои Осиёи Миёна ва бештар аз 14 дарсадро ташкил додааст.

Соли гузашта раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар сӯҳбаташ бо занони фаъол гуфта буд, ки “Дар ҳоли ҳозир дар ниҳодҳои давлатӣ беш аз 8 000 зан фаъолият доранд, ки 500 нафарашон дар мақомҳои роҳбарӣ мебошанд”

Зимнан, “Рӯзи Модар” дар Тоҷикистон ҳар сол 8 март таҷлил мешавад. Ин рӯз мероси даврони Шӯравист, ки ба унвони ҷашни озодии занон таҷлил мешуд, вале чанд соли пеш мақомот онро ба "Рӯзи модар" табдил доданд. Гузашта аз ин, Тоҷикистон соли 2015-ро "Соли оила" эълон кардааст.

XS
SM
MD
LG