Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аслов хостори ба расмият шинохтани Фаластин шуд


Сироҷиддин Аслов
Сироҷиддин Аслов

Сироҷиддин Аслов-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон аз талошҳои раҳбарони Фаластин ва мардуми ин кишвар барои ба расмият шинохтани кишвари онҳо ҷонибдорӣ кард.

Вай зимни суханони худ дар Ҷакарта дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ ба зарурати аз сар гирифтани музокироти сулҳи миёни ҷонибҳои даргир, риояти муқаррароти байналмиллалӣ барои ҳали масъала таъкид кард.

Бино ба хабарҳои матбуотӣ, вазири тоҷик дар ҳошияи мулоқот бо Датук Сери Анифа-вазири корҳои хориҷаи Малайзия дидор ва ҳамкориҳои миёни ду кишварро баррасӣ намуд.

XS
SM
MD
LG