Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон ба конфронси Бруссел даъват шуд


Абдуғаффор Орзу

Абдуғаффор Орзу

Афғонистон ва Иттиҳодияи Аврупо аз Тоҷикистон даъват кардаанд, ки дар конфронси байналмиллалии вазирони корҳои хориҷа дар Бруссел ширкат ҷӯяд. Қарор аст ин конфросн моҳи октябри соли 2016 баргузор шавад.

Дар ин бора вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба матбуот хабар додааст. Бино ба ин хабар, 7 март дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Низомиддин Зоҳидов-муовини аввали вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо Абдуғаффур Орзу-сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ва Маргус Солнсон-муовини раҳбари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Дар ин мулоқот даъватномаи муштараки Доналд Туск-раиси Иттиҳодияи Аврупо ва Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳури Афғонистон ба Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар ин конфронс ба ҷониби Тоҷикистон супурда шуд.

Дар ин конфронс кӯмакҳои ҷомеаи байналмиллалӣ ба Афғонистон барои барқарор кардани иқтисоди Афғонистон баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG