Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Амрико аз Толибон роҷеъ ба музокироти сулҳ


Ҷон Кирбӣ
Ҷон Кирбӣ

Амрико аз Толибон дархост кард, ки ба музокироти сулҳ ҳамроҳ шаванд ва аз даргириҳои навбатӣ дар баҳори соли ҷорӣ пешгирӣ кунанд.

Толибон 5 март гуфта буданд, ки бо ҳукумати Афғонистон ба музокира нахоҳанд нишаст. Онҳо ҳамчунон тақозо доранд, ки бояд аввал ҳамаи нирҳои хориҷӣ Афғонистонро тарк кунанд.

Аммо мақомоти расмии Афғонистон 7 март ин изҳороти Толибонро як навъ гашти сиёсӣ арзёбӣ карданд ва гуфтанд, то ҳол умед доранд, ки Толибон дар музокирот ширкат меҷӯянд.

Ҷон Кирбӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфт, “Толибон як роҳ доранд, ба ҷои он ки бар зидди ҳаммиллатони худ биҷанганд ва кишвари худро хароб кунанд, онҳо бояд дар музокирот ширкат ҷӯянд ва дар низоми сиёсии кишвари мустақил ва якпорчаи худ саҳм бигиранд”.

XS
SM
MD
LG