Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Духтари таҷовузшудаи ҳинд дар ҳолати вазинин аст


Як духтари 15 сола, ки дар Ҳиндустон ба номусаш таҷовуз карданд ва сипас вайро оташ заданд, дар шифохона дар ҳолати вазнин қарор дорад.

Пулис мегӯяд, ки як марди 20 сола дар рустои Тигрӣ дар наздикии шаҳри Деҳлӣ ба эҳтимоли таҷовуз ва оташ задани духтар боздошт шудааст.

Падару модари духтар мегӯянд, ки вайро баъд аз шунидани садои нолиш дар болои боми хонаашон бомдоди 7 март бо бадани сӯхта пайдо кардаанд.

Ин ҳодиса яке аз чанд мавриди дигари таҷовузи занону кӯдакон аст, ки дар бораи онҳо дар Ҳиндустон гузориш дода шудааст.

XS
SM
MD
LG