Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тарпишев: Умедворем, ки Шарапова дар олимпиада ширкат ҷӯяд


Мария Шарапова

Мария Шарапова

Шамил Тарпишев-раҳбари тенниси Русия мегӯяд, вай умед дорад, ки Мария Шарапова-кишвари вайро дар бозиҳои олимпии соли ҷорӣ дар Бразилия намояндагӣ мекунад. Вай ин суханонро 8 март изҳор дошт.

Як рӯз пеш Шарапова шартан аз ширкат дар бозӣ нигоҳ дошта шуд, зеро ҳангоми муоина маълум шуд, ки вай доруҳои ғайримуҷоз истеъмол мекардааст.

Шарапова-барандаи 5 ҷоми ҷаҳонӣ гуфт, ки вай моҳи январ дар бозиҳои Австралия Опен ширкат карда натавонист, зеро дар бадани вай осори ин доруҳоро ошкор карданд ва вай ин доруҳоро барои саломатиаш истеъмол мекардааст.

Тарпишев-раиси федератсияи тенниси Русия дар мусоҳибае бо хабаргузории ТАСС гуфтааст, “ман фикр мекунам, ки он асосе надорад”.

Вай афзуд, “варзишгарон он доруеро истеъмол мекунанд, ки ба онҳо пизишкон пешниҳод мекунанд. Ман фикр мекунам, ки Шарапова дар бозиҳои олимпӣ ширкат мекунад, вале бояд бубинем, ки ин кор то куҷо мерасад”.

XS
SM
MD
LG