Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Туркия ба таҳияи созишнома ризоят дод


Аҳмад Довутуғлу

Аҳмад Довутуғлу

Туркия ва Иттиҳодияи Аврупо ба тавофуқ расиданд, ки барои баргардонидани ҳазорон нафар муҳоҷирон ба Туркия созишномаеро таҳия кунанд. Онҳо гуфтанд, ки ин созишномаро то мулоқоти 17 марти раҳбарон омода хоҳанд кард.

7 март баъд аз як рӯзи мулоқот дар Бруссел раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо пешниҳоди ахири Туркияро барои баргардонидани муҳоҷирони ғайриқонунӣ баррасӣ карданд ва умедворанд, ки ҳафтаи оянда созиши ниҳоӣ ба даст меояд.

Алекс Тсирпас-нахуствазири Юнон гуфт, воқеият ин аст, ки Туркия ба мулоқоти раҳбарон бо пешниҳодҳои ҷолиб омадааст ва ман бовар дорам, ки он бисёриҳоро ба тааҷҷуб меорад».

Ангела Меркел-нахуствазири Олмон, Жан Клод Юнкер-раиси Кумиссиюни Аврупо Дэвид Камерон-нахуствазири Британия ва Доналд Туск-раиси Иттиҳодияи Аврупо пешниҳоди Туркияро «чархише» арзёбӣ карданд, вале гуфтанд, ки барои таҳияи ҷузъиёти ин барнома корҳои зиёде бояд анҷом дод.

Доналд Туск, ки дар бораи ҷузъиёти ин созишнома бо Туркия ҳафтаи оянда музокира анҷом медиҳад, эълон кард, ки «рӯзҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Аврупо ба поён расид».

Туркия аз Аврупо хостааст, ки то соли 2018 кӯмакҳои молиро барои ҳали мушкилоти муҳоҷират ду баробар афзоиш диҳад, ки он ба 6 миллиард евро мерасад. Илова бар ин Туркия пешниҳод кардааст, ки музокирот роҷеъ ба узвияти Туркия дар Иттиҳодияи Аврупо тезонида шавад ва барои шаҳрвандонаш раводидро аз байн баранд.

XS
SM
MD
LG