Пайвандҳои дастрасӣ

Чаҳор даста ба даври ниманиҳоии Ҷоми ФФТ роҳ ёфт


Мусобиқаи дастаҳои "Хуҷанд" ва "Саройкамар"

Мусобиқаи дастаҳои "Хуҷанд" ва "Саройкамар"

Чаҳор дастаи ширкаткунандаи даври ниманиҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2016 маълум шуд.

Дар даври ниманиҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2016 чаҳор даста - ССКА “Помир”-и Душанбе, “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, ки аз рӯи натиҷагирии сабқати гурӯҳӣ маълум шуданд, ширкат меварзанд.

Баъди се даври бозиҳо дар гурӯҳи “А” чаҳор даста чаҳоримтиёзӣ ба даст овард. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо ССКА «Помир» (+5) ва «Хуҷанд» (+1) ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дар гурӯҳи “Б” “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо 7 имтиёз мақоми аввалро касб кард. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 5 имтиёз дувум шуд. Ҳарду даста ба ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоӣ мушарраф гардид.

Ба ин тартиб, дар даври ниманиҳоӣ рӯзи чоршанбе, 9 март, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе нахуст ССКА “Помир” бо «Регар-ТадАЗ» (оғози бозӣ – соати 15:30) ва баъдан «Вахш» бо «Хуҷанд» (оғози бозӣ – соати 18:00) рақобат мекунанд.

Ҷоми ФФТ-2016. Марҳилаи ниҳоӣ

Гурӯҳи «А». Даври 3-юм

«Хуҷанд» – «Саройкамар» – 1:2

Голҳо: Дилшод Бозоров, 27 (1:0). Ҷонибек Ғаффоров, 79 (1:1). Ҳусейн Ёқубов, 90+4 (1:2).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Алишер Тӯйчиев, Далерҷон Тухтасунов, Манучеҳр Аҳмадов, Ҳасан Рустамов (Марифҷон Марифбоев, 46), Эраҷ Раҷабов, Илҳом Баротов, Соҳибҷон Ҳакимов, Руслан Раҳматов, Саидҷон Шарифов, Фарҳод Тоҳиров, Дилшод Бозоров (Мубинҷон Муъминов, 71).

«Саройкамар» (Панҷ): Сафар Наботов, Искандар Мамадқулов, Фаридун Шодиев, Фирдавс Солеҳов (Ҷонибек Ғаффоров, 77), Соҳиб Ваҳҳобов, Насим Мамадқулов (Саидумари Абдувалӣ, 70), Ҳусейн Ёқубов, Анвар Авазов, Умед Авазов, Акмал Авазов (Дилшод Ниҳолов, 50), Хуршед Ямоқов (Шариф Раҳматов, 57).

Огоҳонида шуданд: Руслан Раҳматов, Соҳибҷон Ҳакимов, Далерҷон Тухтасунов («Хуҷанд»), Хуршед Ямоқов, Ҳусейн Ёқубов («Саройкамар»).

Аз майдон хориҷ шуд: Умед Авазов («Саройкамар»), 47 – корти 2-юми зард.

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

6 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 500 тамошобин.

«Истиқлол» – ССКА «Помир» – 1:8

Голҳо: Алишер Холмуродов, 12 (0:1). Андоҳ Наполеон, 17 (0:2). Алишер Мирзоев, 20 (1:2). Шодибек Ғаффоров, 28 (1:3). Шодибек Ғаффоров, 45 (1:4). Шамсиддин Қосимов, 48 (1:5). Шодибек Ғаффоров, 54 (1:6). Фирӯз Раҳматов, 76 (1:7). Рустам Толибов, 85 (1:8).

«Истиқлол» (Душанбе): Эмомалӣ Сониев (Ибод Ибодов, 65), Оятулло Сафаров, Шаҳбоз Маҳмадуллоев (Ислом Бобоев, 55), Абдулмуъмин Забиров, Зиёвуддин Фузайлов (Муҳаммадэҳсон Ҷалилов, 65), Наврӯзи Абдуғаффор, Сӯҳроб Ҷалилов, Ҷамшед Муродов, Алишер Мирзоев (Мунис Хоҷаев, 78), Шериддин Бобоев (Ҳомид Сафаралӣ, 86), Амирҷон Сафаров.

ССКА «Помир» (Душанбе): Азимҷон Қараев, Фаррух Фузайлов, Алишер Холмуродов (Сефаҳ Жаке Нана, 70), Павел Калугин (Фурӯғ Қодиров, 70), Зоир Ҷӯрабоев, Шамсиддин Қосимов (Рустам Толибов, 62), Комрони Мирзонаҷот (Маҳмадалӣ Содиқов, 62), Андоҳ Наполеон, Парвиз Қашқаров, Фирӯз Раҳматов, Шодибек Ғаффоров (Давронҷон Тухтасунов, 62).

Огоҳонида шуданд: Алишер Мирзоев, Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Парвиз Қашқаров Фаррух Фузайлов (ССКА «Помир»).

Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

6 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

ССКА «Помир»

3

1

1

1

10-5

4

2

«Хуҷанд»

3

1

1

1

6-5

4

3

«Саройкамар»

3

1

1

1

3-4

4

4

«Истиқлол»

3

1

1

1

5-10

4

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Бозиҳои ниманиҳоӣ

9 март (чоршанбе)

15:30 – ССКА «Помир» – «Регар-ТадАЗ»

18:00 – «Вахш» – «Хуҷанд»

11 март (ҷумъа)

15:30 – Бозӣ барои ҷойи 3-юм

18:00 – Бозии ниҳоӣ

XS
SM
MD
LG