Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти модарону бонувонро дар ростои зуҳуроти хатарноки ифротгароӣ ва террористӣ боз ҳам зиёдтар арзёбӣ карда,онҳо ба зиракӣ, ҳушёрӣ, назорати доимии фарзандон ва ба тарбияи ҷиддии онҳо даъват кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи душанбеи 7 март дар паёми телевизионии худ дар иртибот ба Рӯзи модар гуфт: "Модарони азиз метавонанд ва вазифадоранд, ки бо насиҳат ва эҳсоси муҳаббати модаронаи худ наврасону ҷавононро аз гаравидан ба гурӯҳу созмонҳои ифротиву террористӣ эмин доранд, ба онҳо сабақи дурусти ҳаётӣ диҳанд ва нагузоранд, ки фарзанди бо ҳазор ранҷу заҳмат парваридаи онҳо бадкирдору бадбахт шавад".

Ба гуфтаи ӯ, ба ҷуз модар каси дигар аз дили фарзанд огоҳ нест ва фарзанд низ модарро беҳтарин ва нахустин муаллими ҳаётии худ медонад.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, итминон дорад модарону бонувони кишвар дар амри ободии Ватани азиз, оромии ҷомеаи кишвар ва пешрафти давлати соҳибистиқлол нақши пурарзиш мегузоранд.

XS
SM
MD
LG