Пайвандҳои дастрасӣ

"Рафтани Назарбоев ба McDonald's ба хотири ҷалби сармоя буд"


Боздиди президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз тарабхонаи McDonald's - ба хотири даъвати сармоягузорони хориҷӣ буд, ки сармояи худро ба Қазоқистон биёранд, гуфт сухангӯи президенти Қазоқист Даврон Абаев.

Назарбоев дар рӯзҳои истироҳат ба ддани тарабхонаҳои навтаъсис дар Остона рафта буд. Корбарони абакаҳои иҷтимоӣ ин иқдоми Назарбоевро ҳамчун даъват ба истеъмоли ғизои саридастӣ ё фастфуд баҳо доданд. Ҳукумати Қазоқистон мегӯяд, силсила-тарабхонаҳои McDonald's дар оянда метавонад то 20 ҳазор шаҳрванди он кишварро кор бидиҳад.

Расонаҳо навишта буданд, ки дафтари McDonald's-ро дар Қазоқистон "тоҷири маҳаллӣ ва хеши президент Назарбоев -- Кайрат Боронбоев" роҳбарӣ мекунад. Гуфта мешавад, ки Кайрат Боронбоев дар гузашта дар бахши гази кишвар фаъолият мекард ва духтараш ҳамсари набераи Нурсултон Назарбоев аст.

XS
SM
MD
LG