Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ва ИА аз қазияи рӯзномаи Zaman нигаронанд


Намояндаҳои ИМА ва Иттиҳоди Аврупо аз бадтар шудани вазъи озодии баён дар Туркия баъд аз бозрасии пулис дар коргоҳи рӯзномаи Zaman дар Истамбул изҳори нигаронӣ карданд.

Нерӯҳои пулис тазоҳуроти ҳимоятгарони Zaman -- пурфурӯштарин рӯзномаи Туркияро бо гази ашковар ва тӯпҳои обпош пароканда карданд ва вориди идораи нашрия шуданд. Соате пеш аз ин воқеа додгоҳ қарор кард, ки раҳбарони нашрия иваз карда шаванд. Сабабҳои ин тасмим шарҳ дода нашудаанд. Маъмурони пулис дар атрофи бинои коргоҳи рӯзнома барои ворид нашудани ширкаткунандаҳои иқдоми эътирозӣ сангарҳо сохтаанд.

Рӯзномаи Zaman ба мазҳабии фирорӣ дар ИМА Фатҳиддин Гюлен марбут дониста мешавад. Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон ӯро дар роҳандозии исёни зиддидавлатӣ ва ташкили силсилаи ҷонибдоронаш дар ниҳодҳои пулис, додгоҳ ва расонаҳо айбдор мекунад.

Пеш аз анҷоми ҳамлаи шабонаи пулис ба коргоҳи рӯзнома шакли англисии Zaman шумораи навбатии худро бо сафҳаи нахустини сиёҳранг ва сарлавҳаи "Рӯзи шармандагии матуботи озоди Туркия" нашр кард.

XS
SM
MD
LG