Пайвандҳои дастрасӣ

Муштзани ӯзбек унвони қаҳрамони ҷаҳонро аз даст дод


Муштзани австролиёӣ Лукас Браун бо мағлуб кардани муштзани ӯзбек Руслан Чагаев, нахустин қаҳрамони ҷаҳон аз Австарлия дар вазни гарон шуд.

Ин мусобиқа дар пойтахти Чеченистон шаҳри Грознӣ баргузор гардид. Роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров мухлиси Чагаев аст. Варзишгари ӯзбек пеш аз мусобиқа барои санҷидани вазнаш бо мошини гаронбаҳо ва дар иҳотаи чанд чечени мусаллаҳ ҳозир шуд.

Чагаев унвони қаҳрамони ҷаҳон - WBA-ро дар соли 2014 соҳиб шуда буд. То он замон вай аз муштзани украинӣ Владимир Кличко дар соли 2009 ва муштзани рус Александр Поветкин дар соли 2011 шикаст дида буд.

XS
SM
MD
LG