Пайвандҳои дастрасӣ

Як кочоқчӣ кушта ва 66 кг маводи нашъадор мусодира шуд


Дар як ҳафтаи ахир марзбонони тоҷик аз се ҳолати интиқоли маводи мухаддир ба ҳудуди Тоҷикистон пешгирӣ кардаанд.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Идораи марзбонии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, як кочоқчӣ аз ҳудуди дидбонгоҳи “Хоруғ” талоши ворид шудан ба хоки Тоҷикистонро карда, аммо ҳангоми огоҳ шудани марзбонон 25 килограму 600 грамм маводи мухаддири навъи ҳашишро дар ҷои ҳодиса гузошта ба самти Афғонистон фирор кардааст.

-Инчунин шаби 2 ба 3 марти соли равон дар минтақаи Рӯшон гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни афғон дар вақти убури ғайриқонунии хати сарҳад бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ шуданд. Ба амри сарҳадбонони тоҷик, қочоқчиён итоат накарданд, ки дар натиҷа байни онҳо задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад. Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса як ҷасади қочоқбари афғон тахминан 35-40 сола бо 4 кг маводи мухаддири ҳашиш, 1 адад таппончаи тамғаи SMP 9 мм бо тирҳояш, 1 адад қоиқи плостикии шиноварӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Ҳамчунин, зимни як амалиёти дигар дар ноҳияи Шӯрообод 5-уми март як задухӯрди дигаре бо кочоқчиён рӯх дод ва ҳангоми аз назар гузаронии ҷои ҳодиса зиёда аз 34 кг маводи бангдона ва тақрибан 3 кг маводи нашъаовари чарс дарёфт ва мусодира карда шуд,-гуфт,ӯ.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG