Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

2000 муҳоҷир ҳар рӯз аз Туркия ба Юнон ворид мешавад


Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва нахуствазири Туркия Аҳмад Довудуғлу рӯзи 7 март дар як нишасти изтирорӣ масъалаи бӯҳрони шадиди муҳоҷиратро, ки аз замони Ҷанги Дуюми Ҷаҳон назир надорад, муҳокима мекунанд. 28 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо мехоҳанд, Туркия ҳазорҳо муҳоҷирро, ки ҳаққи паноҳандагӣ дар Аврупоро надоранд, бозпас бигирад. Моҳи ноябри соли гузашта Иттиҳоди Аврупо ва ҳукумати Туркия ба ин қарор расиданд, ки Анкара барои коҳиши мавҷи муҳоҷирон ба суи Аврупо аз тадобири ҷиддӣ кор бигирад. Аврупо эътироф мекунад, ки Туркия дар ин самт пешрафт кардааст аммо ҳоло низ ҳамарӯза то 2000 муҳоҷир аз қаламрави Туркия ба Юнон ворид мешавад.

XS
SM
MD
LG