Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 800 гумонбаршудаи терроризм дар як сол


Як манбаъ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар кашфи ҷиноятҳои марбут ба терроризм соли 2015, аз замони ҷанги шаҳрвандӣ, соли бобарор буд. Ин манбаъ, ки нахост номаш ошкор шавад гуфт, сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар як соли гузашта беш аз 800 нафарро бо гумони даст доштан дар ҷиноятҳои “терористиву экстремистӣ” боздошт кардаанд. Ба гуфтаи ин мақомдор аз ин теъдод гуноҳи наздик ба 250 нафар собит шуд ва онҳо ба мӯҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум шуданд. “Афроди боздоштшуда, ки қасди содир кардани ҷиноятҳои терористӣ дар Тоҷикистонро доштанд, аксаран пайравони ҷараёнҳои манъшудаи, мисли салафия, ДИИШ ва Ҳизб-ут-таҳрир будаанд”- гуфт ин мақомдори тоҷик. Боздошти даҳҳо пайрави гурӯҳҳои ифротӣ дар дохили Тоҷикистон дар ҳолест, ки тибқи иттилои расмӣ ҳоло беш аз 1000 шаҳрванди ин кишвар дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ширкат мекунанд.

XS
SM
MD
LG