Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ласточка” – ғолиби мусобиқа бахшида ба Рӯзи модарон


Дастаи “Ласточка”-и Душанбе
Дастаи “Ласточка”-и Душанбе

Мусобиқаи ҷумҳуриявии футболи занона бахшида ба Рӯзи модарон бо пирӯзии “Ласточка”-и Душанбе хотима ёфт.

Дастаи “Ласточка”-и Душанбе дар мусобиқаи ҷумҳуриявии футболи занона бахшида ба Рӯзи модарон, ки дар шаҳри Душанбе 6 март ба поён расид, ғолиб шуд. “Ласточка” дар бозии ниҳоӣ бар дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби бузурги 5:1 ғалаба кард.

Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) барои ҷойи севум тими “Барқ”-и Норакро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.

Дар мусобиқаи ҷумҳуриявии футболи занона бахшида ба Рӯзи модарон, ки ҳамасола 8 март таҷлил мешавад, ҳашт даста ширкат дошт. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуда буданд. Ба гурӯҳи “А” дастаҳои «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) ва «Барқ» (Норак) ва ба гурӯҳи «Б» тимҳои «Ласточка» (Душанбе), «Зебо» (Ҷиликӯл), «Ситора» (Фархор) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) дохил буданд.

Тибқи низомномаи мусобиқа ғолибони гурӯҳҳо ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои дувумро гирифтанд, барои ҷойи севум талош карданд.

Дар маросими пӯшидашавии мусобиқа дастаи ғолиб ва тимҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро ишғол карданд, инчунин бозигарони беҳтарин бо ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон сарфароз шуданд. Адолат Комилова («Вахш») беҳтарин дарвозабон, Нилуфар Абдулҳаева (мунтахаби наврасони Тоҷикистон) беҳтарин ҳимоятгар, Шаҳноза Бобоева («Зебо») беҳтарин нимҳимоятгар, Меҳрангез Шарифова («Вахш») беҳтарин ҳамлагар, Мадина Фозилова («Ласточка») беҳтарин нишонзан эътироф гаштанд. Наталя Сотникова, капитани «Ласточка», бо ҷоизаи беҳтарин бозигари мусобиқа мукофотонида шуд.

Ба иттилои Дилором Нусратуллоева, мудири шӯъбаи футболи занонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин мусобиқа барои дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14), ки охири моҳи апрел дар мусобиқоти минтақавии қаҳрамонии Осиё дар Душанбе ширкат меварзад, як марҳилаи омодагӣ маҳсуб мешуд.

XS
SM
MD
LG